Дирӯз, 28-уми ноябр, лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ бо ҳайати созмонҳои байналмилдалӣ ва ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносони тоҷик дар Душанбе рӯнамоӣ гардида, барои қабул ба Парлумони Тоҷикистон фиристода шуд.
Лоиҳаи кодекс аз дебоча, 9 боб ва 100 модда таҳия гардида, ҳама қонунҳои соҳаи иттилоотро дар кишвар ҷамъ овардааст ва дар сурати қабул гардидан, гуфта мешавад, яке аз нахустин кодексҳои иттилоотӣ дар минтақа хоҳад буд.
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва яке аз ташаббускорони лоиҳа, зимни суханронӣ гуфт, ғояи таҳияи кодекс соли 2018 аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод гардид ва аз сӯи Кумитаи порлумон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дастгирӣ ёфт.
“Лоиҳаи кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва принсипҳои соҳаи иттилоотиро муқаррар карда, муносибатҳои иттилоотиро ба танзим медарорад. Ҳамчунин, он вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотиро муайян намуда, ба тадбиқи ҳуқуқи дастрасӣ, ҳифзи иттилоот ва муқаррар кардани реҷаҳои ҳуқуқии иттилот равона карда шудааст”, - гуфт Нуриддин Қаршибоев.
Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи порлумон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот аз кӯҳна шудан, таркор гардидан ва гоҳо мухолифати моддаҳои гуногуни қонунгузории кишвар гуфта, зарурияти қабули чунин қодексро мақбул донист.
“Лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ аз ҷониби парлумони Тоҷикистон мақбул дониста шуда, то ба имрӯз бо ҳайати вижа ва намояндагони васоити ахбори омма дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб рӯнамоӣ гардида, назар ва пешниҳодоти гуногун ба инобат гирифта шуд ва такмил гашт”, - гуфт Саидмурод Фаттоҳзода.
Сарвар Холиқзода, намояндаи вазорати адлия ва аъзои гурӯҳи кории омодасозии лоиҳа, дар навбати худ афзуд, иқдоми мазкур духӯрагиҳо дар қонунҳои қаблиро аз байн хоҳад бурд.
Ӯ илова намуд, ки қонунҳо дар бораи иттилоот дар солҳои гуногун қабул шуданд ва аз ин рӯ, баъзе мухолифатҳои байни меъёрҳо пеш омадаанд ва дар ҳолати татбиқ намудан истеъмолкунандаро дар ҳолати шубҳа меоварад.
Дар ҳамин баробар, Умрулло Меликов, доктори илҳои ҳуқуқшиносӣ ва узви ҳайати кории лоиҳа, рӯнамоии мухтасаре аз лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ анҷом дода, гуфт, қабули қодекси мазкур аз корҳои хубе дар ин замина буда, он на танҳо барои журналистон, балки барои шаҳрвандон низ равона мегардад.
“Ин кодекс нусхабардорӣ нашудааст ва болои ин лоиҳа мо ҳудуди 5 сол кор кардем. Дар шакли аввала кодекси мазкур бо 15 боб ва 247 модда омода шуд, вале бо омӯхтани беш аз пеш онро таҳрир намуда, билохира ба 9 боб ва 100 модда иктифо намудем”, - гуфт Умрулло Меликов.
Лиҳаи Кодекси иттилоотӣ дар ҳайати гуногун мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, ба таври расмӣ ба Порлумони Тоҷикистон фиристонида шуд.
Доруҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон худро аз онҳо эмин нигоҳ дошт?
Душанбе чӣ гуна Соли навро истиқбол мегирад?
Романи “Ҷанг ва олами афғонҳо”-и Абдуғаффор Абдуҷаббор ба чоп расид
Аз ҳоҷиталбону тӯйи арӯсӣ то мошинронӣ дар ҳолати мастӣ. Соли оянда ҷаримаи кадом қонуншиканиҳо чӣ қадар зиёд мешаванд?
Нахустин вохӯрии гурӯҳҳои типографии Тоҷикистону Қирғизистон баъди пурра муайян кардани хатти марзи ду кишвар
Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста