Интиқолдиҳандаи ватанӣ ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” 13 декабри соли 2022 нахустин парвозро аз Душанбе ба Исломобод анҷом дод.

Дар ояндаи наздик дар доираи барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳо «Сомон Эйр» тасмим дорад парвозҳои мунтазамро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон роҳандозӣ намояд, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такони нав хоҳад буд.

Соли ҷорӣ аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 30 сол пур шуд ва ифтитоҳи хатсайри мустақим дар ин соли архунда басо рамзӣ буда, бевосита ба таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, иқтисоду тиҷорат ва рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, Душанбе ва Исломобод фарқияти замонӣ надошта дар як минтақаи вақт қарор доранд, ки ин албатта барои мусофирон хеле қулай мебошад. Давомнокии парвоз аз Душанбе то Исломобод 90 дақиқа буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737 - 800/900 сурат мегиранд.

Ширкати "Сомон Эйр" аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият намуда узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад.

Парки ширкати "Сомон Эйр" аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Бехатарӣ, тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ аз афзалиятҳои ширкат мебошанд ва дар айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.