Дар арафаи Соли нави 2023 дар чор ноҳияи пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил мешавад ва дар он маҳсулоти ниёзи аввал нисбат ба бозорҳо арзонтар ба фурӯш бароварда мешавад.
Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Абдусалом Нозимов, корманди Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ярмарка аз 21-ум то 31-уми декабр дар Бозори “Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъморӣ), майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва назди Бозори “Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил мешавад.
Гуфта мешавад, ки ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи Соли нави мелодии 2023 ташкил мегарданд.
Ин масъули шаҳрдорӣ гуфтааст, ки дар ярмаркаҳо нархи орд аз 230 то 280 сомонӣ, гӯшти гов 55 сомонӣ, шакар 8,2 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 19 сомонӣ, картошка 3,6 сомонӣ, пиёз 3,5 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомонӣ, биринҷ 10,5 сомонӣ муайян гардидаанд. Меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ бо нархи арзонтар пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегарданд.
“Ярмаркаҳои доимамалкунанда дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт ҷараён доранд. Барои таъмини маҳсулот дар нуқтаҳои мазкур 38 адад сардхонаҳо бо ғунҷоиши 39 ҳазору 161,0 тонна маҳсулот мавҷуд мебошанд”, - гуфтааст Абдусалом Нозимов.
Номбурда мегӯяд, дар ярмаркаҳо Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе», Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, кишоварзони вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо шаҳрдории Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил мекунад, то аҳолӣ тавонанд баъзе маҳсулоти заруриро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас кунанд. Вале сокинон мегӯянд, ҳарчанд нархи маҳсулоти ярмаркаҳо арзон, вале сифати маҳсулот нисбат ба бозор пасттар аст.
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста