Дар Тоҷикистон аз 10 январ сармои шадид оғоз мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона то 17 ва рӯзона то 8 дараҷа хунук мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ҳарорат шабона баъзан 12-17 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук шуда, рӯзҳои 10-11 январ дар саросари кишвар борон ва барфи тар меборад.
Дар ин рӯзҳо дар Душанбе борон ва барф меборад. Суръати шамол 4-8 м/с. Рӯзи 10 январ ҳарорати шабона 1-3 дараҷа ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм, рӯзи 11 январ шабона аз 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 1-3 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳаво ба мисли пойтахт дар назар буда, 1 ё дараҷа фарқият дорад. Лекин дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ хунуктар - рӯзона -3+2 ва дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунук мешавад. Рӯзи 11 январ ҳарорат то 12 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳамин гуна обуҳаво пешбинӣ гардида, лекин дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ҳарорат шабона аз -7 то -12 ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ҳарорат шабона аз 2 то 5 дараҷа хунук ва рӯзона то 2 дараҷа хунук пешбинӣ шудааст.
Ҳарорат аз ҳама зиёдтар дар ВМКБ поин меравад: дар баъе ноҳияҳо ҳарорат шабона аз 12 то 17 дараҷа (дар баъзе ҷойҳо то 25 дараҷа) хунук, рӯзона аз 2 то 7 дараҷа (дар баъзе ноҳияҳо то 13 дараҷа) хунук пешгӯӣ мешавад.
Обҳаво моҳи январ чӣ гуна мешавад?
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, моҳи январи соли 2023 дар қисми зиёди ҳудуди ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1-2º баландтар (эҳтимолият 50-65%) дар назар дошта шудаааст.
Нисбат ба соли гузашта моҳи январи имсол 1-2º хунуктар дар назар дошта шудааст (соли 2022 дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри муқараррӣ аз 2º то 4º гарм буд).
Миқдори боришоти моҳона дар ҳадди меъёр ва баъзан зиёдтар аз меъёри иқлимӣ, дар водиҳо 39-75 мм (дар ноҳияҳои ҷудогона 9-28 мм), дар доманакӯҳҳо - 34-102 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ - 39-99 мм ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ - 2-6 мм дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон низ ҳаво хунук мешавад. Рӯзҳои 10-11 январ дар Ӯзбекистон борону барф борида, ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона - 5-8 дараҷа хунук мешавад. Дар Қирғизистон низ борону барф борида, ҳарорат шабона то 17 дараҷа ва рӯзона то 8 дараҷа хунук мешавад.
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста