Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ҷамъоварии кумак барои осебдидагон аз заминларза дар Туркияро эълон кард. Теъдоди қурбониён офати табиӣ дар ин кишвар ба 2 ҳазору 921 нафар ва ҷароҳатбардоштагон - 15 ҳазору 800 нафар расид. Дар Туркия то 12 феврал мотами миллӣ эълон шуд.
“Шахсоне, ки хоҳиши кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро доранд, молу чиз ва дигар лавозимоти дар зер зикршударо ба сафорати Туркия дар Душанбе бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 17/2 фиристанд.
Мувофиқи имкон кумак дар бастаҳои шаффоф бо рӯйхати чизҳои дар он мавҷудбуда оварда шавад”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Туркия.
Зимнан зикр шуд, ки кумаки ҷамъовардашуда тариқи ширкати “Хатҳои ҳавоии Туркия” (Турецкие авиалинии) таъҷилан ва ройгон ба Туркия фиристода мешавад.
Бо чиҳо ёрӣ расонидан мумкин аст:
- кӯрпаву рӯйпӯшҳо
- хаймаҳо (палаткаҳо)
- дастпӯшакҳо
- лавозимоти хобравӣ (спальные мешки)
- сарулибоси зимистона
- дорувориҳое, ки бе таъиноти духтур фурӯхта мешаванд.




Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста