Яке аз наздикони Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, ки рӯзноманигорро аз шаҳри Панҷакент ба маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд бурдаанд, аммо касе ба онҳо нагуфтааст, ки бо кадом сабаб Хуршед Фозилов боздошт шудааст.
“Дирӯз аз идораи амнияти шаҳри Панҷакент ба мо ваъда карданд, ки Хуршедро пас аз бозпурсӣ, имрӯз раҳо мекунанд, аммо имрӯз ба муроҷиати мо посух доданд, ки Хуршедро ба Хуҷанд бурдаанд. Аммо расман шарҳ надоданд, ки ӯ барои чӣ боздошт шудааст”, - гуфт яке аз наздикони Хуршед Фозилов.
Ӯ ҳамчунин, зикр намуд, ки то ҳол барои Хуршед Фозилов вакили дифоъ нагирифтаанд ва намедонанд, ки ӯ бо вакили дифои давлатӣ таъмин аст ё не.
Кӯшишҳои “Азия-Плюс” ҳам барои мушаххас кардани сабаби боздошти Хуршед Фозилов бенатиҷа анҷомид. Бо гузашти 4 шабонарӯз аз боздошти рӯзноманигор мақомот то ҳол расман ҳеҷ иттилоеро дар ихтиёри расонаҳо нагузаштаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи конун нафари боздоштшуда, аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.
Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Панҷакент, ки шоҳиди ҳодиса буданд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, “Хуршед Фозиловро ду шахси номаълум аз дохили утоқ гирифта бурданд”.
Ӯро чанд сол пеш, ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар, дар яке аз барномаҳои телевизони Тоҷикистон ҳамчун ҳамкори сомонаи хабарии “Ахбор.ком” (фаъолиташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) нишон дода буданд.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста