Дар арафаи моҳи Рамазон 32 ҳазор китоби муқаддаси Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ ба мардуми Тоҷикистон тақдим карда мешавад. Дар ин бора, имрӯз, 16-уми март, Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, бо дастгирии Президенти кишвар 32 ҳазор нусха китоби Қуръон бо сифати баланд дар нашриёти ЭРГРАФ нашр шуда, дар арафаи моҳи Рамазон аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ва мудирони бахши дини шаҳру ноҳияҳо ба мардуми кишвар тақдим мешавад.
“Китоби муқаддаси Қуръон ба забони тоҷикӣ аз ҷониби устоди марҳум Маҳмадҷон Умаров тарҷума шудааст ва оид ба дурустии тарҷумаи он аксари олимону коршиносони соҳаи дин хулосаи мусбат додаанд. Аз ин лиҳоз, ҷои шаку шубҳа дар тарҷумаи Қуръон вуҷуд надорад”, - зикр намуд Афшини Муқим.
Гуфтан ба маврид аст, ки айни замон як дона китоби Қуръон дар дӯконҳои китобфурӯшӣ ҳудуди 100 сомонӣ ва бештар аз он нарх дорад.
Афшин Муқим гуфт, “бо даст додани имкониятҳои молӣ китоби Қуръон бо теъдоди боз ҳам бештар нашр ва ба мардум ройгон дастрас карда мешавад”.
Сухангӯи Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросим гуфт, ки то соли 2014 дар кишвар атрофи 200 ҳазор нусха китоби Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ нашр шуда буд ва ҳоло талабот бештар шудааст.
Ёдовар мешавем, ки як ҳафта пас, 23-юми март дар Тоҷикистон моҳи Рамазон оғоз мешавад. Хулосаи мазкур имрӯз, зимни як ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар эълон карда шуд.
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Даргузашти "Суқрот"-и тоҷик дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста