Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова хостааст, ки ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск дахолат карда, ба тафтиши холисонаи ҳодиса мусоидат намояд.
Дар ин бора сомонаи расмии Омбудсмени Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки Омбудсмени Тоҷикистон ба ҳодисаи латукӯби донишҷӯён “фавран вокуниш нишон дода, ба ҳамкори русаш Татяна Москалкова дархост ирсол намуд”.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар натиҷаи латукӯби бедалели бераҳмонаи донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби кормандони Отряди милитсияи таъйиноти махсус (ОМОН) дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии амният (ФСБ), ки субҳи барвақти 19-уми майи имсол рух дод, якчанд донишҷӯи тоҷик ҷароҳати вазнин бардоштаанд ва ба ҷарроҳӣ ниёз доранд.
Дар робита ба ин, Умед Бобозода аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова тақозо кардааст, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои даст ба амали ғайриқонунӣ задани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Комсомолски лаби Амур ва тафтиши холисонаи ҳодисаи мазкур мусоидат намояд.
Қаблан, Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар як посухи катбӣ ба “Азия-Плюс гуфт, “вазъро назорат доранд ва дар сурати дарёфти маълумоти бештар хабар хоҳанд дод”.
Дар пайи ин ҳодиса, дирӯз, 24-уми май, Сергей Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда шуда, қазияи боздоштҳои оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва латукӯби донишҷӯён муфассал баррасӣ гардидааст.
“Таъкид карда шуд, ки чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”, - омадааст дар иттилоияи ВКХ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23-уми майи соли равон хабари латукӯби беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск расонаӣ шуд.
Тибқи иттилои нашргардида, афсарони ба истилоҳ “ОМОН” ва “ФСБ”-и Хабаровск субҳи барвақти рӯзи 19-уми май, қабл аз оғози дарс, ба хобгоҳ даромада, донишҷӯёнро бидуни далел латукӯб кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, аз телефону ҳуҷҷатҳои донишҷӯён мусодира кардаанд. Шаш донишҷӯ аз Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, дере нагузашта раҳо шудаанд. Дар ҷараёни ин “рейд” 15 нафар захм бардоштаанд, ки ба гуфтаи манбаъ, бархе аз онҳо ба ҷарроҳӣ ниёз доранд.
Маъмурияти донишгоҳ рӯзи 23-уми май дар мулоқот бо донишҷӯён гуфтаанд, амалиёти низомиён дар хобгоҳ эҳтимол ба боздошти як муҳассили тоҷик бо иттиҳоми маблағгузории терроризм рабт дорад. Ин расман тасдиқ нашудааст.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин ҳодиса расман изҳори назар накардаанд.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста