Асад Гулзодаи Бухороӣ – шоир, забоншинос ва рӯзноманигори тоҷики муқими Бухоро ва яке аз пуштибонҳои забону фарҳанги тоҷикӣ дар Ӯзбекистон субҳи имрӯз, 29-уми май, аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону шогирдонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Ӯ 88 сол дошт ва вақтҳои охир дар Амрико зиндагӣ мекард. Гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта аз сафари Амрико ба Ӯзбекистон баргашт ва субҳи имрӯз ба таври ногаҳонӣ аз олам чашм пӯшид.
Асад Гулзодаи Бухороиро соати 10 дар зодгоҳаш ҷаноза карданд ва ба хок супориданд.
Пуштибони забону фарҳанги тоҷикӣ
Асад Гулзода шоир, забоншинос ва рӯзноманигори шинохтаи муқими Бухоро буд ва барои зинда нигоҳ доштани забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар ин кишвар талошу ҷонбозиҳои зиёд мекард.
Асад Гулзодаи Бухороӣ дар солҳои охир машғули кори эҷодӣ ва шеърнависӣ буд. Бештари шеърҳои марҳум дар васфи Бухоро ва бузургони тоҷик чун Садриддин Айнӣ, Мушфиқӣ, Шавкати Бухороӣ, Носири Бухороӣ, Ҳайрат, Аҳмади Дониш ва ғайра буда, дар онҳо бузургии халқи тоҷик таҷассум меёфтанд.
Гулзода дар як мусоҳибаи худ ба Радиои Озодӣ гуфта буд: “Дар шароити Ӯзбекистон ягон кас ин шоиронро ба забон намегирад. Мақсади ман ҳамин аст, ки мардумро бедор кунам, мардуми Бухоро донанд, ки гузаштагонашон киҳо буданд ва чӣ корҳоро анҷом додаанд. Гузаштагонашон ба кадом забон гап задаанд”.
Асад Гулзода дар ҳамон мусоҳиба аз гум шудани забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро ва ояндаи тоҷикони муқими Ӯзбекистон нигаронӣ карда, гуфта буд, ки “дар Ӯзбекистон тахминан 300 шоиру нависандаи тоҷик ҳастанд, вале дар Бухоро ду кас мондаем – ман ва Ҳадяи Бухороӣ. Дигар эҷодкорҳо тоҷик бошанд ҳам, ӯзбекӣ менависанд”.
“Мо, ки 60 сол инҷониб мактаби тоҷикӣ надорем, дар вилояти Бухоро аксарият дар бораи бузургони Бухоро ҳам маълумот надоранд”, - зикр карда буд Асад Гулзода.
Амина Шарофиддинова, яке аз дигар пуштибонони тоҷикон дар кишвари ҳамсоя мегӯяд: “Даргузашти Асад Гулзода барои тоҷикони Самарқанду Бухоро бисёр талх аст ва дигар чун ӯ тоҷикон пуштибони қавӣ намеёбанд”.
“Хабари даргузашти устодро шунида, талх гиристам. Асад Гулзодаи Бухороӣ пайкараи худшиносиву худогоҳӣ, марди миллатдӯст ва ғамхори тоҷикон дар Ӯзбекистон буданд. Баъди сари он кас бим дорам, ки забону халқи тоҷик дар Самарқанду Бухоро бепуштибон мемонанд”, - мегӯяд Шарофиддинова.
Аҳли зиёи Тоҷикистон ҳам даргузашти Асад Гулзодаи Бухороиро барои миллати тоҷик фоҷеаи талх номида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рӯзгору корномаи марҳум хотираҳояшонро менависанд.
Зиндагиномаи Асад Гулзодаи Бухороӣ
Асад Гулзода соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш ва маълумоти олиро дар факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе гирифтааст. То соли 1968 дар мактабҳои тоҷикии вилояти Бухоро, то соли 1955 дар бахши тоҷикии Ширкати телевизиону радиошунавонии вилояти Бухоро фаъолият дошт.
Маҷмӯаҳои шеъраш бо номҳои “Насими Бухоро”, “Хатти пешонӣ”, “Бухоро”, “Шукуфаҳои Бухоро”, “Намози рӯи барг”, “Нафаси баҳор”, “Гули мурод”, “Арзи сипос” ва куллиёти ашъораш дар 4 ҷилд таҳияву дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд.
Соли 2004 нашриёти “Маориф ва фарҳанг”-и шаҳри Душанбе маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи “Шукуфаҳои Бухоро” ва соли 2007 маҷмӯаҳои “Намози рӯи барг” ва “Нафаси баҳор”-ро ба табъ расонд.
Соли гузашта мунтахабаи ашъори Асад Гулзодаи Бухороӣ таҳти номи “Паёме аз Бухоро” дар ҳаҷми 500 саҳифа дар Душанбе ба чоп расид.
Асад Гулзода аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба наздикону пайвандони Асад Гулзодаи Бухороӣ ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста