Дар кӯлу дарёҳои вилояти Хатлон аз оғози мавсими оббозӣ 22 нафар ғарқ шудаанд. Дар ин бора Муродҷон Муҳиддинов, сардори бахши робита бо ҷомеъаи Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфти Муҳиддинов, бештари ғарқшудагон ноболиғон мебошанд, аммо ӯ теъдоди ноболиғони ғарқшударо дақиқ нагуфт.

“Аз 22 нафари ғарқшуда 3 нафар аз ноҳияҳои Муминобод ва 3 каси дигар аз ноҳияи Ёвон мебошанд. Дар ноҳияи Восеъ 2 нафар ғарқ шудаанд. 14 нафари дигар аз дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд”, - гуфт Муҳиддинов.

Муродҷон Муҳиддинов мегӯяд, омилҳои асоси ғарқшавии сокинон набудани ҷойҳои махсуси обозию истироҳатӣ, надонистани қоидаҳои дурусти шиноварӣ ва беназоратии падару модарон мебошад.

“Ба хотири пешгирӣ аз ғарқшавии шаҳрвандон кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Дар ҷойҳое, ки оббозӣ мамнӯъ аст огоҳиномаҳо васл кардаанд. Мутаасифона, шаҳрвандон боз дар ҷойҳои хатарнок оббозӣ мекунанд”,- мегӯяд Муродҷон Муҳиддинов.

Ба иттилои ӯ, айни замон дар вилояти Хатлон 37 ҳавзи шиноварӣ фаъолият мекунад, аммо ин барои минтақае, ки беш аз 3 млн аҳолӣ дорад, кифоя нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.