“Тоҷпромбонк“ - яке аз чаҳор бонкҳои мушкилдори Тоҷикистон расман муфлис эълон шудааст. Қарори муфлисшавии ин бонкро Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми август содир кардааст. Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ, ки 7-уми август, дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, “дар асоси таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 1-уми августи соли 2023 баррасии муфлисшавии “Тоҷпромбонк” қатъ карда шудааст. Яъне муҳлат тамдид карда нашудааст”.

Номбурда ба суоли батакрори рӯзноманигорон дар бораи муфлис эълон шудани бонк “бале” гуфт.

Рустам Мирзозода дар нишасти матбуотии қаблӣ, моҳи феврали соли равон гуфта буд, ки  ба “Тоҷпромбонк” то моҳи июни соли 2023 муҳлат барои адо кардани уҳдадориҳояш дода шудааст.

Он замон ӯ зикр карда буд, ки аз болои “Тоҷпромбонк” 246 нафар шаҳрванд шикоят доранд ва 37 млн сомонӣ қарзи ин бонк боқӣ мондааст.

Рустам Мирзозода
Asia-Plus

Дирӯз, додраси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе Зулфия Саидзода, ки қарори муфлисшавии “Тоҷпромбонк”-ро имзо кардааст, иброз намуд, ки ин бонк дар асоси аризаи Бонки миллии Тоҷикистон муфлис эълон шудааст.

Ӯ афзуд, парвандаи муфлисшавӣ ҳудуди 7 сол баррасӣ гардид (3-юми марти соли 2017 оғоз шуда буд) ва дар ин муддат 5 ҳазору 726 нафар беш аз 148 млн. сомонӣ маблағи амонати худро, ки дар бонк буд, бозпас гирифтанд.

Ба қавли номбурда, амонтагузороне, ки маблағи худро гирифта натавонистанд, низ то ҳол ҳастанд.

“Бегумон, як қисми амонатгузорон мондагӣ ҳастанд. Бинобар сабабе, ки моликияту дороиҳо баҳснок буданд, додгоҳ аз қабули қарор худдорӣ кард. “Тоҷпромбанк” ҳам имконият надошт, ки ба амонатгузорон маблағи нақд диҳад”, - гуфт Зулфия Саидзода.

Зулфия Саидзода
Акс аз сомонаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе

Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Шарипов, мудири махсус ва барҳамдиҳандаи “Тоҷпромбонк” аз Бонки миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” муфлисшавии бонкро тасдиқ кард ва гуфт, 169 нафар то ҳол ба маблағи 26,6 млн сомонӣ маблағи худро гирифта натавонистаанд.

Номбурда дар робита ба тақдири қарзи боқимонда гуфт, бо пайдо шудани маблағ агар қарздеҳ ба додгоҳ муроҷиат кунад, додгоҳ мурофиаи навбатии муфлисшавиро баргузор ва аз ҳисоби маблағи қарздеҳ қарзи сокинонро бармегардонад.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, мурофиаи муфлисшавии бонк ба охир расидааст ва то мурофиаи дигар, ки маълум нест кай баргузор мешавад, маблағи амонатгузорон баргардонида намешавад.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи буҳрони бонкӣ дар моҳи соли 2016 "Тоҷпромбонк"-у "Фононбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуданд.

Фирӯз Шарифов
Радиои Озодӣ

Раванди муфлисшавии “Тоҷпромбонк” моҳи марти соли 2017 бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе оғоз гардида буд. Қарори бозхонди иҷозатномаи бонк рӯзи 24-уми феврали соли 2017 аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон содир гардид.

Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳои он наздики 550 млн. сомонӣ арзёбӣ мешуд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе раиси пешини “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёевро бо чаҳор банди Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”  ва “Фононбонк”-ро бинобар муфлисшавӣ бозхонда буд.

Амонатгузорону пасандозгузорони ин бонкҳо, солҳо инҷониб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шикоят мекунанд, ки наметавонанд маблағҳои худро бозпас гиранд ва мудирони махсусу барҳамдиҳандагони Бонки миллии Тоҷикистон таъинкарда ҳам наметавонанд ба доди онҳо расидагӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, муҳлати асосии маҷбуран барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ 2 солро ташкил медиҳад. Агар ин муҳлат кофӣ набошад, тариқи муроҷиат ба суд, ҷараёни барҳамдиҳиро метавон боз 2 соли дигар тамдид намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.