Саркашӣ аз гузоштан ба қайди ҳарбӣ барои маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия ва ихроҷ ба кишваре, ки ин шаҳрванд аз онҷо омадааст, асос хоҳад буд. Чунин қонунро барои баррасӣ вакили Думаи давлатии Русия аз Ҳизби коммунисти Русия, профессори кафедраи таърихи Русияи Донишгоҳи Самара Михаил Матвеев омода кардааст.

«Лоиҳаи қонун дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия барои саркашӣ аз сабти ном ва сафарбаркунии ҳарбӣ омода аст. Ҳафтаи оянда он барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳад шуд», — навиштааст Матвеев дар telegram-канали худ.

Қаблан ин мансабдор гуфта буд, ки дар мӯҳлати муқарраркардаи қонуни Русия ба қайди ҳарбӣ нагузоштани худ ва инчунин саркашӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарбӣ, метавонад ба маҳрум шудан аз шаҳрвандии гирифташуда сабаб шавад.

Радиои Озодӣ хотиррасон мекунад, ки Матвеев қаблан дар ҳайрат буд, ки чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар доираи қисман сафарбарӣ ба минтақаи амалиёти махсус даъват нашудаанд.

Ба ақидаи ӯ, ҳамаи ин ба душаҳрвандӣ марбут аст, бинобар ин, меъёри қонунро ислоҳ кардан лозим аст.

“Бар ин назарам, ки дар ин ҳолат аъзои хонаводаи муҳоҷир, ки дар робита ба дарёфти шаҳрвандии Русия аз ҷониби ин шахс қаблан онро гирифтаанд, низ бояд аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд”, - навишта буд Матвеев.

Ҳоло маълум нест, ки ин пешниҳод ба матни лоиҳаи қонун ворид шудааст ё не.

Бар асоси ин қонун, шаҳрванди хориҷӣ бояд дар муддати ду ҳафтаи пас аз гирифтани шиносномаи Русия, ба комиссариати ҳарбии маҳалли зист ё ҷойи қайд ҳозир шавад, то ки худро ба қайди ҳарбӣ гузорад.

Қаблан Кирилл Кабанов, узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президент изҳори назар карда буд, ки маҳрум кардани муҳоҷирон аз шаҳрвандии дарёфта бо сабаби саркашӣ аз ба қайди ҳарбӣ гузоштан ва ба хидмат рафтан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ метавонад як таҷрибаи одилона гардад.

Ба гуфтаи ӯ, кӯшиши саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ дар чаҳорчӯби даъват боиси саркашӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳое мегардад, ки ҳангоми гирифтани шаҳрвандии Русия ба зиммаи шахс вогузор мешавад.

Дар моҳи апрел вакили Думаи давлатӣ Султон Ҳамзаев пешниҳод кард, ки афроде, ки аз Русия кӯчида буданд, барои интиқод аз Русия аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд.

Моҳи апрели соли 2023 президент Владимир Путин қонунро дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандии дарёфтшуда барои ба истилоҳ хабарҳои бардурӯғ ё худ фейкҳо дар бораи артиш ва “бадном кардан”-и он имзо кард.

Тибқи қонуни нав, аз шаҳрвандии Русия натанҳо барои содир кардани ҷиноятҳои ҷиноии террористӣ ва экстремистӣ, балки бар асоси хулосаи Хадамоти федералии амният (ФСБ), ки амали шаҳрванд “ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад”, маҳрум шудан мумкин аст. Шикоят аз болои ин қарор дар давоми 10 рӯзи баъди маҳрум шудан аз шаҳрвандӣ имкон дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.