Тибқи маълумотҳо қариб 30 дарсади заноне, ки аз шавҳар ҷудо мешаванд, барои сарпаноҳ ёфтан дар хонаи шавҳари ҳамакнун собиқ, ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд. Қонунгузории кишвар ҳам ин равандро танзим кардааст, ки чун маскуншавӣ ё маскункунӣ муаррифӣ шудааст.

Ҳарчанд қонунгузорӣ раванди маскуншавиро муайян кардааст, аммо татбиқи амалии он дар ҳаёти воқеӣ печидагиҳои зиёд дорад.

Дар нашри навбатии ток-шоуи “Рости гап” маҳз ҳамин печидагиҳо ошкор ва роҳҳои ҳалли мушкили ҷойдошта бо иштироки қаҳрамонҳои воқеӣ, яъне нафарони маскуншуда, масъулини маскункунӣ ва коршиносони соҳа баррасӣ карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.