Рӯзҳои 1-16 сентябри соли ҷорӣ маъракаи ваксинагузаронии иловагии кӯдакон гузаронида мешавад, ки дар он зиёда аз 2 млн нафар кӯдакони аз синни 7 то 15 сола фаро гирифта мешавандд.

Маврид ба зикр аст, ки аз 21 то 31 август кӯдакони синни аз 6 моҳа то 6-сола ва рӯзҳои 1-16 сентябр кӯдакон ва наврасони аз 7 то 15-сола иммунизатсия карда мешаванд.

Ваксинагузаронӣ дар доираи маъракаи имммунизатсия баргузор гардида, дар 59 ноҳияи кишвар, зиёда аз 2 млн нафар кӯдакон бо ваксина фаро гирифта мешаванд. Чунин маъракаи  Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои гулафшон ва сурхча нимаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Рашт ва Нуробод низ гузаронида шуданд.

Тибқи арзёбии UNICEF, ба ҳисоби миёна ҳар сол дар саросари ҷаҳон сабабҳои гуногун ҳудуди 21 млн нафар кӯдакон бар зидди бемориҳои гулафшон ва сурхча ваксина гузаронида намешаванд.

Дар муддати 3 соли охир омили сар задани бемории гулафшон дар аксари кишварҳои ҷаҳон пандемияи COVID-19 буда, аҳолӣ бинобар тарсу ҳарос аз сирояти коронавирус ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат накарданд ва аз иммунизатсияи муқаррарӣ нагузаштанд.

Бо ҳамин сабаб тайи 12 моҳи ахир вазъи назорати бемории гулафшон дар Тоҷикистон низ тағйир ёфтааст, яъне дар бархе аз шаҳру навоҳии кишвар мавридҳои густурдаи бемории гулафшон ба қайд гирифта шудааст.


Лозим ба ёдоварист, ки аввали моҳи июли соли равон бо кумаки UNICEF ва дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ 2,2 млн воя (доза)-и ваксинаи зидди бемориҳои гулафшон ва сурхча ба Тоҷикистон ворид гардид.

Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки ваксинагузаронӣ бар зидди бемории гулафшон дар Тоҷикистон ба Тақвими миллии иммунизатсия дохил мешавад.

“Мувофиқи ин тақвим, кӯдакон дар синни аз 12-моҳа то 6-сола бар зидди бемории гулафшон имунизатсия карда мешаванд. Бо вуҷуди ин, бархе аз волидайн бо сабабҳои ноогоҳӣ аз хатари он кӯдаконро иммунизатсия намекунанд, ки зимни он эҳтимоли хуруҷи гулафшон байни кудакону наврасон боқӣ мемонад, зеро маҳз ваксинагузаронӣ паҳншавии ин бемориро пешгирӣ мекунад”, - иброз дошт ӯ.

Бемории гулафшон чӣ хатарҳо дорад?

Ин бемории хеле хатарноки вирусӣ мебошад. Он хеле вазнин гузашта, дар сурати дуруст табобат накардан, метавонад ба маъюбӣ оварда расонад.

 Аз рӯи аломатҳо гулафшон ба шамолзанӣ (простуда) хеле монанд аст. Дар одами бемор ҳарорати бадани то 40 дараҷа, сулфаи хушки сахт, дарди гулӯ, обравӣ аз бинӣ, беҳолии умумӣ, дард дар тамоми бадан ва дарди сар мушоҳида мешавад. Пардаҳои луобии чашм низ варам карда, варами умумӣ (конъюнктивит) пайдо мешавад.

Аломати хоси бемории гулафшон доғҳои сурхи дурахшон дар тамоми бадан аст, ки тақрибан як ҳафта боқӣ мемонад.


Хавфи беморӣ маҳз дар мушкилоти баъди он аст. Ба онҳо илтиҳоби шуш (пневмония), менингит ё энтсефалит дохил мешаванд. Онҳое, ки бемор шудаанд, метавонанд дар тӯли тамоми умри худ аз склероз ё дигар бемориҳои ба он монанд азоб кашанд. Илтиҳоб ё варами умумӣ, ки бар асари гуалафшон пайдо шудааст, метавонад ба пурра аз даст додани шунавоӣ ё биниш оварда расонад.

Илова бар ин, вирус ба системаи масуният (иммунитет) зарар мерасонад, ки боиси норасоии масунияти дуюмдараҷа мегардад. Дар ин ҳолат, бештар аз ҳама узвҳои нафаскашӣ осеб мебинанд.

Азбаски сурхча тавассути қатраҳои ҳавоӣ мегузарад ва кӯдаконе, ки ваксина нагирифтаанд ва ҳангоми дар як ҳуҷра бо кудаки ба беморӣ гирифторбуда қарор доштан  зуд сироят меёбанд.

Сурхча чӣ?

Сурхча амрози шадиди сироятӣ буда, ба он ҳарорати баланди шадид, илтиҳоби роҳҳои нафас, сулфа, сурхшавӣ ва ашкрезӣ аз чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх  хос аст.  Пайдоиши доначаҳои сурх  хосияти  пай дар пайӣ дорад.

Дар рӯзи якум  ин доначаҳо дар паси гӯшҳо, рӯй ва  гардан пайдо мешаванд, рӯзи дуюм ин доначаҳо дар қисми болои  қафаси сина ва  дастҳо мебароянд,  рӯзҳои  сеюм  пайдошавии доначаҳо ба  қисми поёнии бадан, яъне пойҳо мегузарад.

Барангезандаи  бемории сурхча  вирус мебошад, ки ба воситаи  ҳаво аз шахси бемор ба шахсони осебпазир, ки дар вақташ мувофиқи тақвими миллӣ бар зидди ин беморӣ иммунизатсия нашудаанд, мегузарад.

Давраи хатарнок ва сирояткунии атрофиён - ин 4 рӯз пеш аз баромадани доначаҳои сурх ва 4 рӯз баъд аз баромадани доначаҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин давра сари вақт беморро бояд аз дигарон ҷудо  намоянд ва барои бемор  шароити муносиб муҳайё кунанд. Давраи ниҳоии бемории сурхча аз 7 то 18 рӯзро дар бар мегирад.

Аз волидайн хоҳиш карда мешавад, ки ба овозаҳои дурӯғ дар бораи хатарнок будани ваксина гирифтан бовар накунанд.


Дар робита ба маъракаи эмкунии иловагӣ бар зидди бемориҳои гулафшон ва сурхча, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Саидзода Файзалӣ Барот аз аҳолии Тоҷикистон даъват менамояд, ки ба хотири эмин доштани саломатии кудакону наврасон аз бемориҳои сурхча ва гулафшон, дар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемориҳои болозикршуда фаъол бошанд.

«Аз табиби оилавии худ бипурсед, ки мувофиқи ҷадвали миллии ваксинагузаронӣ вобаста ба синну сол, вазъи саломатӣ ва таърихи ваксинатсия фарзанди шумо бояд кадом ваксинаҳоро гирад.

Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ваксинзании фарзандонатонро ба таъхир нагузошта, ба маълумоти бардурӯғ оид ба хатарнок будан ё фоида надоштани он бовар накунед. ваксинагузаронӣ як қарори масъулиятнокест, ки шумо натанҳо барои фарзанди худ, балки барои тамоми ҷомеа қабул мекунед”, - изҳор мекунад ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.