Дар манотиқи музофотии Тоҷикистон чанд рӯз инҷониб маҳдудияти интиқоли барқ ё худ “лимит” ҷорӣ шудааст. Масъулин мавсим”-и нави барқкуширо ба “омодагӣ ба фасли зимистон” рабт медиҳанд.

Сокинони бархе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мегӯянд, давоми рӯз барқ чанд соат қатъ карда мешавад. Чанд нафар истиқоматкунандагони маҳаллаи 102-юми пойтахт дар ин маврид ба “Азия-Плюс” шикоят карданд.

Дар деҳоти шаҳрҳои Турсунзода, Панҷакент ва Бохтар низ чанд рӯз инҷониб, дар баъзе ҷойҳо шабона ва дар баъзе деҳоти дигар рӯзона, маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст.

Истиқоматкунандагони шаҳри Турсунзода мегӯянд, дар бархе рустоҳо рӯзи чорум аст, ки шабу рӯз барқ нест.

Чанд сокини шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки қариб як ҳафта инҷониб дар рустоҳо аз соати 22:00 то 4:00 барқ хомӯш мешавад.

Дар бархе деҳоти шимоли кишвар, ба гуфтаи сокинин, барқ ҳатто рӯзона қатъ карда мешавад.

Сокинони шаҳри Бохтар низ дар навбати худ ба мо хабар доданд, ки ба ҷуз маркази вилоят, дар аксар деҳоти ҷануби кишвар ҳам барқ хомӯш мешавад.

Вазъият дар аксари ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва инчунин дар ВМКБ чунин аст.

Интиқоли барқ на танҳо барои аҳолӣ, балки дар нуқтаҳои савдо ва корхонаҳои хурд низ қатъ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомот дар бораи ҳеҷ гуна корҳои таъмирӣ иттилоъ надодаанд ва барқ ​​бидуни огоҳӣ қатъ мешавад.

“Омодагӣ ба фасли зимистон”

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 26-уми сентябр, дар як тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар робита ба маҳдудияти интиқоли барқ маълумот дода наметавонад ва ин ба ӯҳдадории Шабакаҳои тақстимоти барқ дохил мешавад.

Дар қабулгоҳи Шабакаҳои тақстимоти барқ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “директор ҳоло дар ҷои кор нестанд ва ба ин саволи шумо беиҷоза посух дода наметавонем”.

Аммо як корманди Шабакаҳои тақстимоти барқ бидуни зикри ном ба мо тасдиқ кард, ки маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст ва он барои омодагӣ ба фасли зимистон арзёбӣ мешавад.

“Ин маҳдудият ҳамасола ба хотири ба фасли зимистон омодагӣ дидан ҷорӣ мешавад, то ки сокинон дар хунукиҳо аз барқ танқисӣ накашанд”, - гуфт манбаъи мо.

Ҳамин тавр, кормандони шабакаҳои барқии шаҳри Турсунзода ҳам ҷорӣ шудани маҳдудияти барқро тасдиқ карда, гуфтанд, он барои хуб сипарӣ кардани зимистони дарпешбуда ҷорӣ шудааст.

“Маҳдудияти барқ барои омодагӣ ба зимистони оянда - таъмири таҷҳизот, таъмири трансформаторҳо, буридани дарахтоне, ки ба хатти барқ ​​халал мерасонанд ва ғайра ҷорӣ шудааст”, - гуфтанд онҳо.

Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Кӯлоб низ қатъи интиқоли барқро тасдиқ карда, аммо мисли пештара инро бо анҷом додани корҳои таъмирӣ рабт доданд.

Шабакаҳои тақстимоти барқ дар шаҳри Турсунзода
Asia-Plus

Омодагие, ки дер оғоз мешавад

Ҳанӯз дар фасли баҳор ҳукумати кишвар масъулини соҳаи барқро муваззаф карда буд, ки ба зимистон омодагии дуруст бинанд. Аммо мисли ҳарвақта, масъулин корҳои омодагӣ ба фасли зимистонро қариб як моҳ баъд аз оғози фасли тирамоҳ шурӯъ карданд.

Дар ҳамин ҳол, давоми ҳашт моҳи соли равон Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ ​​беш аз 85,1 миллион доллар даромад ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 3 дарсад бештар аст. Тоҷикистон барқро асосан ба Афғонистон ва Ӯзбекистон ва ба миқдори қаблан мувофиқашуда мефурӯшад.

Оё барои пешгирӣ кардани талафот таъмир лозим аст?

Тибқи маълумоти корхонаҳои энергетикии кишвар, ҳаҷми умумии талафот (ҳангоми тавлид, интиқол ва тақсими он) дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ каме бештар аз 2 миллиарду 415 миллион киловатт-соатро ташкил додааст.

Дар ҳамин давраи соли 2022 бошад – 2 миллиарду 417 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​талаф шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 декабри соли 2022 дар паёми ахири худ гуфта буд, ки кишвар панҷяки нерӯи тавлидшударо аз даст медиҳад ва талафоти фаннии нерӯи барқ ​​ба вазъи молии ширкату корхонаҳои ин бахш таъсири манфӣ мерасонад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки дар даврони истиқлолият барои тармим ва бозсозии шабакаҳои барқи кишвар беш аз 10,7 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Бо вуҷуди ин, талафоти нерӯи барқ, ба гуфтаи ӯ, “ҳанӯз нигаронкунанда аст”.

Бо пайваст кардани ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ, ба гуфтаи президент, то соли 2025 талафоти нерӯи барқро то 9% кам кардан мумкин аст.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 10 миллиарду 653,3 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​тавлид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 341,2 миллион кВт/соат бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.