Абдуқаҳҳори Сулаймон, омӯзгори фанни физика ва астрономияи мактаби президентии хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023” эълон шуд. Ҷоизаи мазкур дар Рӯзи омӯзгор ба ғолиби озмун тақдим гардид.
Абдуқаҳҳори Сулаймон кист, чаро пешаи омӯзгориро интихоб кард ва барои кадом заҳматҳояш “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023” интихоб шуд?
Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” рӯзҳои 28-30-юми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардид ва дар он 5 омӯзгор аз минтақаҳои кишвар барои ғолибият рақобат карданд. Пас аз хулосаи ҳакамон, Абдуқаҳҳори Сулаймон, омӯзгори фанни физика ва астрономия аз Кӯлоб ғолиби озмун ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” интихоб шуд.
Абдуқаҳҳори Сулаймон се сол инҷониб дар мактаби президентии хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дорад. Ӯ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки касби омӯзгориро бо ҳама мушкилоташ қабул кардааст ва мехоҳад, ки барои шогирдонаш мояи ибрат бошад.
Ӯ дар замоне ки бархе омӯзгорон аз музди меҳнати нокофӣ ва шароити нохуби зиндагӣ шикоят доранду тарки пеша кардаву рӯй ба муҳоҷират меоранд, омӯзгори соли кишвар муаррифӣ шуд ва мегӯяд, ба касби омӯзгорӣ муҳаббат дорад ва ҳамвора дар пайи ҷӯстуҷӯву такмили дониши худ аст.
“Ҳар нафаре, ки ба касби омӯзгорӣ шавқу рағбат дорад ва онро сидқан дӯст медораду барои такмили донишу маҳораташ ҳамеша пайи омӯзиш ҳаст, аз касбаш ифтихор мекунад ва аз ин касб соҳиби иззату обрӯ мегардад”, - мегӯяд Абдуқаҳҳори Сулаймон.
Ба ақидаи ӯ, “наврасони имрӯз дониши хубу ҷаҳонбинии васеъ доранд ва бо кунҷкобию суолҳои гуногун омӯзгори сустро хиҷолатзадаву забонкӯтоҳ мекунанд”.
“Ман дар ҳама ҷо аз ин касбу аз ихтисосам ҳарф мезадаму ифтихор мекардам ва то ҳол ҳам чунин аст. Ҷомеа ва ба вижа хонанда дар чеҳраи омӯзгор бояд шахси босавод, хушмуомила ва хушахлоқро дида тавонад, то мояи ибрат гардад шавад”, - таъкид мекунад Абдуқаҳҳори Сулаймон.
Ӯ дар давоми солҳои фаъолияти омӯзгорӣ дастикам 4 дастури таълимӣ - методӣ таҳияву нашр кардааст. Ҳоло рисолаи илмии худро дар самти астрономия зери роҳбари доктори илмҳои таърих, порфессор Хайёл Бобоев мехоҳад ҳимоя кунад. Ин яке аз омилҳое будааст, ки барои ғолиб омадани ӯ дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” мусоидат кардааст.
“Аммо муҳимтарин омил, фикр мекунам, муваффақияти шогирдони ман мебошад. То ба имрӯз 17 нафар шогирдони ман дар олимпиадаи ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд”, - гуфт Абдуқаҳҳори Сулаймон.
Ҳамчунин, Сулаймони Абдуқаҳҳор бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Ҷоизаи давлатии барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” қадрдонӣ шудааст.
Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” дар мактаби №65-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
“Аъзои ҳакамон ба маҳорати довталабон аз рӯйи талабот ва низомномаи озмун баҳогузорӣ карданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмун Абдуқаҳҳори Сулаймон аз рӯйи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, баргузории маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер бартарӣ нишон дод”, - гуфт Наврӯзи Мирзо.
Сухангӯи вазорат афзуд, ки рӯзи 30-юми август, ба пешвози Рӯзи омӯзгорон, дар шаҳри Душанбе ин ҷоиза ба ғолиби озмун эҳдо гашт ва Абдуқаҳҳори Сулаймон “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023” эълон шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор таҷлил ва дар арафаи он, ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” муайян карда мешавад. Мақсади асосии озмуни мазкур дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ҳамчунин тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон мебошад.
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста