Се рӯз инҷониб дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” бо ширкати меҳмонон аз 7 кишвари хориҷа баргузор гардида истодааст. “Азия-Плюс” аз намоишгоҳ гузориш таҳия кард.
Ин намоишгоҳ дар толори барҳавои Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузашта истодааст. Сокинон ва меҳмонони пойтахт барои тамошо ва хариди китобҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англистӣ ва инчунин бо хатти форсӣ меоянд.
Аксарияти тамошобинони ин намоишро донишҷуён ва омӯзгорони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд, аммо меҳмонон низ кам нестанд.
Дар намоиши мазкур ноширони хориҷӣ аз Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Тукманистон, Ӯзбекистон ва Эрон иштирок карда истодаанд, ки дар баробари ба намоиш гузоштани мероси илмию адабии хеш инчунин китобҳои тозанашри худро низ ба фуруш мегузоранд.
Аммо тамошобинон аз гарон будани нархи китобҳо нигаронӣ доранд.
Максади баргузории ин намоишгоҳ таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа, тарбияи ватандӯстӣ ва маънавии насли наврас тавассути мутолиаи китоб мебошад.
Ин намоишгоҳи байналмилалӣ имрӯз, 5-уми октябр, ба анҷом мерасад ва дар поёни ин маросим иштирокдорон ва фаъолони ин чорабинии фарҳангӣ бо дипломҳо ва сипосномаҳои қадрдонӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ин намоишгоҳзи 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” аст ва он соли 2013 инҷониб ҳамасола бо ширкати меҳмонону ноширон аз кишварҳои хориҷа баргузор мегардад.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста