Абдуқаҳҳор Мирзоев ё маъруф ба “Домулло Абдуқаҳҳор”, ки гуфта мешуд, дар намози ҷаноза наздикони майитро таҳқир кардааст, имомхатиб ё имоми ягон масҷиди ҷомеъ ё панҷвақтаи кишвар набудааст ва ҳоло аъмоли ӯ аз сӯи мақомоти дахлдор санҷида мешавад.
Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Тоҷикистон бо пахши як изҳорот хабар дод.
Субҳи дирӯз, 18-уми октябр, Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигори тоҷик бо нашри як акс навишт, ки шахсе бо номи домулло Абдуқаҳҳор дар намози ҷанозаи як духтар наздикони ӯро таҳқир кардааст, ки ӯ намозхон набуд.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Тоҷикистон гуфтааст, бо вуҷуди он ки ӯ дар ягон масҷид имомхатиб ё имом набуд, рӯзи 17-уми октябр номбурда дар деҳаи Турдибобои шаҳри Ҳисор намози ҷанозаро имоматӣ кардааст.
“Дар ҳоле ки тибқи қарори Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳиятро имоми масҷиди панҷвақтаи деҳа дорад. Имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи мазкур Аминов Неъматулло мебошад”, - омадааст дар изҳороти ин ниҳод.
Онҳо гуфтаанд, эҳтимоли паст задани шаъну шарафи соҳибони майит аз сӯйи Мирзоев Абдуқаҳҳор аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷида мешавад.
Ҳодисаи таҳқири соҳибони маърака, аз ҷумла тую маросими дафн аз сӯи диндорон дар соли равон ҳадди ақал ҳодисаи дуввум аст. Чанде пештар ҳам як рӯҳонӣ аз ноҳияи Кӯшониён дар туйи бародарзодааш монеи рақсу суруд шуда буд.
Дертар мақомот ӯро барои пайравӣ ба равияи дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” ва монеъ шудан ба таҳсили духтараш айбдор ва 6 сол равонаи зиндон карданд.
15 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва аз саҳмияҳо кай даромад мегиранд?
Сохтмони метро дар Душанбе тобистони имсол оғоз мегардад
Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва имзои чанд санад. Бархе ҷузъиёти сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
Таассуроти самимии рӯзноманигорони “The New York Times” аз истироҳатгоҳи “Хоҷа Обигарм”
Тоҷикистон дар рейтинги қобилияти зеҳнӣ дар ҷои чандум аст?
Тулӯъ ва ғуруби “Помир”. Чӣ тавр корхонаи маъруфи яхдон дар Душанбе моли таърих шуд?
Нархи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Манъи кор барои муҳоҷирон дар чанд самти дигар дар Воронеж
Шаш узви Ҳизби комунистии Тоҷикистон ҳам мехоҳанд вакили парлумон шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тӯтӣ ва устоди суханомӯз”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста