Дар Тоҷикистон ба қоидаҳои ҳамлу нақди мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ тағйирот ворид ва ба кӯдакон имтиёзҳои нав пешниҳод карда шуд. Дар ин бора Комрон Исмоилиён, вакили парлумоти кишвар ба “Asia-Plus” хабар дод.
Тибқи қоидаҳои нав, акнун кӯдакони то 7-сола метавонанд аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва берун аз шаҳрӣ ройгон ва бидуни хариди чипта истифода баранд.
Пештар чунин имтиёз дар Тоҷикистон танҳо барои кӯдакони то 5-сола пешбинӣ шуда буд.
“Қоидаҳои нав баъди ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси нақлиёти кишвар ҷорӣ гардид ва аз 17-уми ноябр эътибор пайдо кард”, - гуфт Комрон Исмоилиён.
Ба қавли ин вакил, тағйироти мазкур ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз нофаҳмиҳо бар сари напардохтани роҳкиро барои кӯдакон ворид шудааст.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон барои кӯдакон танҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ имтиёз пешбинӣ нашудааст. Он ҳамчунин, ҳангоми истифода аз хадамоти нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ низ метавонанд аз имтиёзҳои муайян истифода намоянд.
Аз Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба “Asia-Plus” гуфтанд, ки барои кӯдакони аз 5 то 10-сола ҳангоми сафар бо қатора 45 дарсад тахфиф пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, мусофир ҳангоми истифода аз хадамоти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳақ дорад, як кӯдаки то панҷсоларо ройгон бо худ гирад. Ба ин тартиб, волидайн, яъне зану шавҳар ҳангоми ҳаракати якҷоя тавассути қатора метавонан бо худ ду фарзанди то панҷсолаашонро ҳамроҳ гиранд ва барои ин маблағ пардохт накунанд.
Агар ҳамроҳи онҳо фарзанди сеюм ва ӯ ҳам то 5-сола бошад, вазифадоранд роҳкирои ӯро пардохт намоянд.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҳангоми сафар тавассути ҳавопаймо барои кӯдакони аз 2 то 12-сола 50 дарсад тахфиф пешбинӣ гардидааст. Барои кӯдакони то 2-сола бошад, парвоз тавассути ҳавопаймо ройгон мебошад.