Аз ҷониби муҳоҷирон вайрон кардани қонунгузории кишвар дар як қатор ҳолатҳо ба ихроҷи онҳо боис шуда метавонад. Шаҳрванди хориҷӣ метавонад ғайриқонунӣ кор кунад, барои будубошаш дар кишвар ҳуҷҷатҳои дахлдор надошта бошад, муҳлати ҳузурашро гузаронад ва ғайра. Ихроҷ оқибатҳои вазнин дорад, зеро вуруд ба Русия метавонад ба муҳлати 5 ё ҳатто 10 сол манъ карда шавад.
Аммо дар моҳи декабри соли ҷорӣ Думаи давлатӣ тағйиротеро қабул кард, ки мутобиқи он дар баъзе мавридҳо қарори ихроҷи муҳоҷирон бо ҷазои сабуктар - ҷарима иваз шуда метавонад. Дар кадом ҳолатҳо ин имконпазир аст ва маблағи ҷарима чӣ қадар шуда метавонад?
Қоидаи нав аллакай амал мекунад?
Ҳоло не. Айни замон ба лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” тағйироти дахлдор ворид гардида, он дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Маълум нест, ки қонун кай мавриди амал қарор мегирад, зеро муҳлати хеле зиёд - аз соли 2017 баррасӣ мешавад.
Аммо ахиран фаъолона ба такмили лоиҳаи қонуни “фаромӯшшуда” пардохта, онро ба қироати дуюм пешниҳод карданд. Яъне то қабули лоиҳаи қонун на он қадр зиёд марҳилаҳои расмӣ боқӣ мондаанд.
Дар кадом ҳолатҳо қарори ихроҷ ба ҷарима иваз шуда метавонад?
Агар қарор дар бораи ихроҷ ба назари додрас ҷазои хеле сахт ва ба ҳадафҳои ҷазои маъмурӣ номутаносиб ба назар расад, ӯ метавонад онро ба ҷарима иваз кунад.
Чунин ибораи норавшан кафолат намедиҳад, ки додрас хашми худро ба раҳм табдил медиҳад. Аммо ҳоло муҳоҷирон имкон доранд, ки додрасро ба софдилиашон ва “як бор содир шудан”-и ҷиноят бовар кунонанд.
Масалан, ин метавонад бо роҳи пешниҳоди далелҳо дар бораи софдилона пардохтани андозҳо, рафтори риояи қонун, мавҷудияти манзил ва ғайра анҷом дода шавад. Аз ин рӯ, агар ба шумо баррасии судӣ таъин карда шавад, тавсия медиҳем, ки ба он пешакӣ омода шавед ва ҳама ҳуҷҷатҳоеро ҷамъ кунед, ки робитаи наздики шуморо бо кишвар ва риояи қонун тасдиқ кунанд.
Оё маҳз барои чӣ ба шумо таҳдид кардани ихроҷ аҳаммият дорад?
Бале. Дар тағйирот як қатор моддаҳое пешбинӣ шудааст, ки барои риоя накардани онҳо ихроҷро наметавон бо ҷарима иваз кард. Ин ба тарғиби муносибатҳои ғайрианъанавӣ ва дигар кардани ҷинс ё саркашии шаҳрванди хориҷӣ аз ихроҷ марбут аст.
Чӣ қадар ҷарима таъин карда метавонанд?
Қарори ихроҷро метавонанд ба ҷарима аз 40 то 50 ҳазор рубл ё худ корҳои ҳатмӣ (маҷбурӣ) ба муҳлати аз 150 то 200 соат иваз кунанд.