Дар Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, ки низоми нави баҳогузории 10-хола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ шавад. Лоиҳаи санҷишӣ аллакай моҳи феврал роҳандозӣ мешавад.

Двар ин мавод мо доир ба зарурати ҷорисозии низоми нав ва фарқияти он аз низоми пешина маълумот гирдоварӣ кардем.

Масъалаи гузаштан ба низоми нави баҳогузории 10-хола дар меҳвари ҷаласаи васеи гуруҳи корӣ, ки рӯзи 9 январ дар Душанбе таҳти раёсати вазири маорифи ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода баргузор шуд, қарор дошт.

Ҷаласа мутахассисони варзида ва роҳбарони соҳаи маорифро бо шумули намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои гуногун гирдиҳам овард.

Саидзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба зарурати ислоҳот ва муҳимияти гузаштан ба низоми нави баҳогузории дониши мактабхонон ҷалб намуд.

Зимни ҷаласа директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Асадулло Наҷмиддиниён лоиҳаи «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузори 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуд.

“Имрӯз таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки стандарти мавҷудаи 5-хола дониши воқеии хонандагонро инъикос карда наметавонад. Дар он андоза ва меъёрҳои дақиқи баҳодиҳии академӣ аз байн рафтааст, ки дар навбати худ ба баҳодиҳии ғайривоқеии давомоти хонандагон аз ҷониби омӯзгор боис гардидааст. Бинобар ин, дар шароити имрӯза зарурати гузаштан ба низоми нави баҳогузорӣ ба миён меояд”, - иброз доштааст Наҷмиддиниён.

Қобили зикр аст, ки зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар соли 2022 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин масъала дахл карда, ба сохторҳои дахлдор супориш дода буд, ки низоми навро ҷорӣ созанд.

“Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад”, - зикр карда буд президент он замон.

Кадомаш беҳтар: пешинаи маъмул ё нави ғайриодӣ?

Низоми 5-холаи баҳогузорӣ дар ҷумҳурӣ солҳои 20-уми қарни гузашта бо барқарории низоми маорифи шӯравӣ пайдо шуд. Дар ин низом омӯзгор расман имкон дорад, ки ба хонанда аз 1 то 5 баҳо гузорад. Аммо дар амал ин низом 3-хола аст, чунки баҳои 1 ва 2 на ҳамчун баҳои чорякӣ ва на ҳамчун баҳои натиҷавӣ гузошта намешаванд.

Тафсири маъноии низоми 5-хола чунин аст:

Баҳои 1 (як) – аз рӯи мавзӯъ умуман дониш нест, хонанда маводро намефаҳмад ва азхуд намекунад;

2 (ду) – дониши мавод ҳадди ақал аст, ба хатогиҳои дағалона роҳ дода шудааст, ҷавобҳои шифоҳӣ вуҷуд надоранд ё нодурустанд;

Сурат аз торнамои foto-ram.ru

3 (се) – фаҳмиши асосӣ дар бораи мавод мавҷуд аст, аммо хонанда бидуни кӯмаки беруна донишро дар амал татбиқ карда наметавонад, дар корҳои шифоҳӣ ва хаттӣ ба хатогиҳо роҳ медиҳад;

4 (чор) – дониши хуби мавод, ҷавобҳои дурусти шифоҳӣ ва хаттӣ бо хатогиҳои начандон зиёд;

5 (панҷ) – донишҷӯ маводро пурра азхуд кардааст, ба хатогӣ роҳ намедиҳад, ба саволҳо дуруст ва дилпурона ҷавоб медиҳад, дониши гирифтаашро дар ҳалли масъалаҳои амалӣ мустақилона истифода бурда метавонад.

Омӯзгор Саодат Раҳматова, ки беш аз 20 сол дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ кор кардааст, бар ин назар аст, ки ба эҳтимоли зиёд волидайн ва омӯзгорон дар оғоз низоми навро бидуни руҳбаландӣ ва шавқу ҳавас қабул хоҳанд кард.

«Ин маъмулист. Тақрибан 100 сол аст, ки мактабҳои Тоҷикистон низоми 5-хола доранд. Ин ҳам ба падару модарон ва ҳам ба талабагон шиносу фаҳмост. Кӯдаке, ки дар мактаб хуб таҳсил мекунад, мунтазам баҳои хуби ниҳоӣ мегирад, ки ин, албатта, ба худбаҳодиҳӣ таъсири мусбат мерасонад. Ва дар аввал бисёриҳо намехоҳанд, ки усули қаблан муқарраршуда ва шиносро тағйир диҳанд”, - чунин мешуморад Раҳматова.

Аммо, ба гуфтаи омӯзгор, ба зарурати қабули низоми васеътари баҳодиҳӣ чунин далел гувоҳ буда метавонад, ки аксари омӯзгорон то ҳол аз чунин баҳогузорӣ, ба мисли 3+, ё 4-, 5+ истифода мебаранд.

“Чунин баҳодиҳии «нимарасмӣ» аксар вақт барои он истифода мешавад, ки ҷадвали 5-хола на ҳама вақт ба баҳодиҳии воқеии дониши мактабхон имкон медиҳад. Дар баробари ин дар варақаҳои ҷамъбастӣ ҷамъ (+) ё тарҳ(-) дарҷ намегардад”, - мегӯяд Саодат Раҳматова.

Ба ақидаи муаллифони лоиҳа, дар низоми 5-хола имкони баҳодиҳӣ ба пешрафти хонанда вуҷуд надорад, масалан, кӯшишҳои духон, ки барои беҳтар кардани натиҷаҳои худ кӯшиш мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ нишон дода намешаванд, ҳатто агар шумораи хатогиҳо ҳангоми иҷрои супоришҳо назар ба муқаррарӣ камтар бошад Мактабхон ба таври маъмулӣ ду хол гирифта,  хатари пурра аз байн рафтани ҳавасмандиаш ба вуҷуд меояд.

Илова бар ин, хонандагоне, ки мунтазам баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд, боварӣ ба худро гум мекунанд ва дар баъзе мавридҳо ба муносибати ғаразноки омӯзгорон дучор мешаванд. Аксар вақт баҳо на барои дониш, балки барои чунин меъёрҳо, монанди рафтори хуб ё бад дар синф гузошта мешавад. 

Низоми баҳогузории 10-хола дар ҳоли ҷоришавист

Тавре ки коршиносон зикр мекунанд, бартарии возеҳи низоми 10-хола таснифи амиқтар дар арзёбии дониши хонандагон мебошад.

Ба ин тариқ, дар баҳои 1 ва 2 дониш сатҳӣ арзёбӣ мешавад. Баҳои 3 (қаноатбахш) ва 4 (хеле қаноатбахш) нишон медиҳанд, ки хонандагон маводро дар хотир дошта, онро бешуурона такрор мекунанд.

Хонандае, ки аз фан баҳои 5 (хуб) ва 6 (хеле хуб) мегирад, нуктахои асосии маводро хуб азхуд кардааст.

Баҳои 7 (хеле хуб) ва 8 (қариб аъло) ба 5 аз рӯи ҷадвали 5-хола мувофиқат мекунанд ва нишон медиҳанд, ки хонандагон маводро пурра азхуд кардаанд.

Ва баҳоҳои ниҳоии - 9 (аъло) ва 10 (олӣ) аз муносибати эҷодии ғайримеъёрӣ дар истифодаи донишҳои гирифта шаҳодат медиҳанд.

Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Тавре дар суҳбат бо “Азия-Плюс” роҳбари Пажуҳишгоҳи рушди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Асадулло Наҷмиддиниён хабар дод, пеш аз тасмим гирифтан дар бораи ҷорисозии низоми 10-хола мутахассисон корҳои зиёдеро анҷом дода, таҷрибаи мусбати кишварҳои дигарро омӯхтанд.

«Дар ҷаҳон низомҳои гуногуни баҳодиҳии дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст, ҳатто то 100 хол. Таҷрибаи бисёр кишварҳоро омӯхта, ба хулосае расидем, ки барои ҷумҳурии мо низоми 10-хола, ки дар кишварҳое аз қабили Нидерланд, Латвия, Литва, Беларус, Исландия, Испания, Италия ва ғайра истифода мешавад, бештар қобили қабул аст», - шарҳ дод коршинос.

Ба гуфтаи мутахассис, истифодаи низоми нав дар мактабҳои санҷишӣ ё худ таҷрибавӣ (пилотний) аз моҳи феврал оғоз шуда, ин ҷо дар бораи 130 мактаб дар саросари ҷумҳурӣ сухан меравад.

Айни замон зиёда аз 300 нафар омӯзгорон ба курсҳои кӯтоҳмуддати такмили низоми нави баҳодиҳӣ фаро гирифта шудаанд.

“Ҳадафи ниҳоии мактаб додани дониш ва омӯзонидани истифодаи он аст, -  мегӯяд Асадулло Наҷмиддиниён. - Низоми 10-хола имкон медиҳад, ки сатҳи дониш дақиқтар арзёбӣ шавад. Муҳим он аст, ки дар низоми нав фосилаи ногувор байни талабагони духон ва аълохон аз байн бурда мешавад. Равшан аст, ки низоми 10-хола аз уҳдаи иҷрои вазифаи омӯзгории мактаб, яъне ҳавасмандсозии хонандагон хубтар мебарояд. Албатта, баҳоҳо муҳиманд, аммо нигоҳ доштани эътимод ба худ дар кӯдакон ва хоҳиши омӯхтани чизҳои нав муҳимтар аст”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.