Қутбиддин Мухторӣ, доктори илмҳои филологӣ ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шоми имрӯз, 7-уми феврал, дар 54-солагӣ аз олам даргузашт. Даргузашти марҳумро дӯстону пайвандонаш ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.
Ба гуфтаи онҳо, Қутбиддин Мухторӣ то дирӯз аз саломатӣ шикоят надошт, вале шаби гузашта вазъи саломатияш якбора бад шуд ва ӯро ба беморхонаи “Шифобахш” (маъруф ба Қарияи Боло) интиқол доданд.
“Муаллим як шабонарӯз дар шуъбаи кардиалогияи беморхонаи “Шифобахш” бистарӣ шуд ва тақрибан соати 17:00 дар беморхона аз олам чашм пӯшид. Ба эҳтимоли зиёд, Қутбиддин Мухторӣ аз сактаи қалб даргузашт”, - гуфт яке аз пайвандонаш.
Ҷанозаи марҳум пагоҳ, 8-уми феврал, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Қутбиддин Мухторӣ 28-уми ноябри соли 1970 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, мактаби миёнаи №19-и зодгоҳашро хатм кардааст.
Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) дар соли 1993 мебошад. Инчунин, фориғуттаҳсили курси дусолаи Донишгоҳи Стокголм аз рӯйи ихтисоси кори иҷтимоӣ аст.
Қутбиддин Мухторӣ аз соли 1998 то кунун дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рӯзноманигорни ҷавон дарс мегуфт. Марҳум яке аз мутахассисини соҳаи иҷтимоӣ ва блогинг ҳам шинохта шуда буд.
Рисолаи номзадиро соли 2002 ва рисолаи докториро соли 2020 дифоъ кардааст.
Соли 2007 иҷрокунандаи вазифаи декани факултети журналистикаи ДМТ буд. Солҳои 2011-2015 мудири кафедраи матбуот, аз соли 2015 дотсенти кафедраи матбуот ва аз соли 2023 профессори кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ буд.
Аз соли 2007 узви Конфедератсияи байналмилалии журналистони Тоҷикистон буд.
Гурӯҳи расонаҳои "Asia-Plus" ба пайвандону наздикони Қутбиддин Мухторӣ ҳамдардии амиқ изҳор карда, барояшон сабру шикобоӣ мехоҳад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста