Дар соли 2023-юм наздики 2 ҳазор адабиёти динӣ ва 11,5 ҳазор варақа ва 50,5 ҳазор сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаштаанд. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон имрӯз, 9-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли сипаришуда ба ин кумита 340 дархост барои таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ ворид шудааст.

  • 1 ҳазору 927 адабиёти динӣ;
  • 11 ҳазору 500 варақа
  • 50 ҳазору 587 сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ
“Аз ин теъдод ба 205 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ хулосаи манфӣ ва ба 135 дархост хулосаи мусбат дода шуд”, - гуфт Сулаймон Давлатзода.

Ӯ дар ин робита шарҳ надод, ки кадом “нишонаҳои ифротгароӣ” ошкор шудаанд.

Сулаймон Давлатзода
Asia-Plus

Бояд зикр кард, ки маводҳои диниро дар Тоҷикистон Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавии зерин таҳқиқ мекунад:

- аз нигоҳи илмӣ таъйин намудани асосҳои сиёсати давлатии муносибат ба дин;

- омӯзиш ва таҳлили равандҳои номатлуби сиёсӣ - иҷтимоии дар заминаи андешаҳои динӣ тавлидшаванда;

- шиносоӣ ва ташхиси илмию диншиносии маводи ба табъ расида;

- истифода ва баҳрабардорӣ аз методологияи навини илмӣ - диншиносӣ;

- муайян намудани самти илмии исломшиносӣ дар Тоҷикистон;

- баррасии мушкилоти тавсеаи мафкураи динӣ дар кишвар;

- таҳқиқи маърифати динӣ аз дидгоҳи давлатдории миллӣ;

- таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва чопи мақолаҳои илмӣ.

Кадом китоби диниро метавон харид ва чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.