Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои дарёфти гранти президентӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ озмун эълон кардааст.
Он аз 20 грант ибора буда, ҳар яке 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод гуфтааст, озмун “бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон” амалӣ мешавад.
Довталабон дар баробари ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, аз ҷумла, ариза ба унвони раиси комиссия, маълумот дар бораи ҳунарманд, маълумотнома аз маҳалли истиқомат, инчунин, бояд ҳуҷҷати соҳибкорӣ ва лоиҳаи асосноккардашуда дар бораи самти фарогирии ҳунар манзур кунад.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дархост ва номгӯйи ҳуҷҷатҳо танҳо бо забони давлатӣ қабул карда шуда, муҳлати пешниҳоди он аз 1-уми март то 1-уми апрели соли 2024 муқаррар шудааст.
Довталабон ҳуҷҷатҳоро метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ошёнаи 1, утоқи №8, ки дар суроғаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ 5/2 ҷойгир аст, пешниҳод кунанд.
Телефонҳо барои тамос 2503239; 2503207 мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тақрибан як ҳафта пеш, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои 2024 - 2026 барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунарҳо 60 гранти Президенти Тоҷикистон дар ҳаҷми 1,5 млн сомонӣ таъсис дода шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, ҳар як грант 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла:
- дар соли 2024 - 20 грант ба маблағи 500 000 сомонӣ;
- дар соли 2025 - 20 грант ба маблағи 500 000 сомонӣ;
- дар соли 2026 - 20 грант ба маблағи 500 000 сомонӣ.
Барои босифат ва шаффоф иҷро кардани ин қарор дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон комиссияи салоҳиятдор таъсис ёфтааст.
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
“Рақс бикун ҷоно...” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 22-сола барои саркашӣ аз адои хидмати ҳарбӣ
Боздошти як мард барои дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза
96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад
Эмомалӣ Раҳмон: “Ният дорем, ки то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”
Марги 4 узви як хонаводаи тоҷик дар пайи сӯхтор дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста