Парда Қосим, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва овозхони шинохтаи тоҷикро дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супориданд. Дар маросими видои марҳум овозхонҳои шинохта ва чеҳраҳои маъруф ширкат карданд.
Маросими видоъ бо Парда Қосим дар назди хонааш баргузор гашта, ҷанозааш дар Масҷиди марказии Тоҷикистон хонда шуд.
Ин овозхони шинохтаи тоҷик бегоҳии дирӯз дар 77-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки чанд муддат боз бемории қанд дошт ва аз он ранҷ мекашид.
“Чанд вақт боз табобат мегирифтанд. Гурдаҳояшон ҳам иллат пайдо карда буд. Имрӯз тақрибан соати 16:50 дар хона аз дунё чашм пӯшиданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Парда Қосим 13-уми октябри 1947 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда буд. Соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви маданӣ - равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ)-ро хатм карда, беш аз 30 сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Шодӣ»-и ноҳияи Панҷ буд.
Аз соли 1998 овозхони дастаи рақсии «Лола» буд.
Осори шуарои классик ва муосири тоҷик оҳанг бастааст. Таронаҳои маъруфаш «Бародарам», «Тоҷикистон аз манӣ», «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Юсуфи гумгашта», «Сурӯши Сталинград», «Борони найсон», «Сайри лолазор», «Доғи ғурбат», «Наврӯзи оворагӣ», «Рӯзгорони баланд», «Чашмаи сабоҳӣ», «Бӯса ба дарё задам» ва ғайра мебошанд.
Ба ӯзбекӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо низ таронаҳо хондааст ва ба Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додаст.
Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сарфароз шуда буд.




Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста