Минбаъд нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон танҳо бо рақамҳои сабз ҳаракат хоҳанд кард, аммо ҳоло дақиқ маълум нест, ки ин талабот барои ҳамаи нақлиёти барқӣ муқаррар шудааст ё танҳо барои нақлиёти барқии кирокаш.
Як манбаъ аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба “Азия – Плюс” гуфт, ки тибқи санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии амалкунандаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо аз 2-юми апрели соли 2024, дар вақти бақайдгирии давлатӣ дар БДА ба воситаҳои нақлиёти барқии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, новобаста аз шакли моликият, рақамҳои сабз дода мешавад.
“Айни ҳол ҳангоми бақайдгирии давлатии нақлиёт дар БДА ба нақлиёти барқии мусофиркаш чунин рақамҳо дода мешаванд. Аммо дар оянда ба ҳамаи нақлиёти барқии дар кишвар ҳаракаткунанда рақамҳои сабз дода мешавад”, - гуфт ин манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Нусаратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба “Азия - Плюс” гуфт, ки рақами сабз айни ҳол танҳо барои нақлиёти мусофиркаши барқӣ муқаррар шудааст.
Ӯ дар мавриди нақлиёти барқие, ки ба мусофиркашонӣ машғул нестанд, мушаххасан чизе нагуфт.
Танҳо зикр кард, ки барои гирифтани рақами сабз ҳам ширкатҳои мусофиркашӣ ва ҳам ронандагони кирокаш муроҷиат карда метавонанд.
Гуфта мешавад, ки тасмими мазкур дар доираи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии пойтахт барои солҳои 2023-2026 роҳандозӣ шудааст.
Қаблан, қарори шаҳрдории Душанбе дар хусуси то 1-уми сентябри соли 2025 пурра бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ намудани ширкатҳои кирокашӣ содир шуда буд.
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Чаро фармони даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон имсол дар моҳи феврал содир шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2025
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста