Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки нимаи дуюми рӯзи 30 июн дар ноҳияи Нуробод бар асари боришот сел омад.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа сангу лойқа селпартои деҳаи Яхакро бо дарозии 60 метр ва баландии 3 метр пур карданд.

Гуфта мешавад,  айни замон ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои сел корҳо роҳандозӣ шудаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Сурат аз КҲФ

Ҳамчунин нимаи дуюми рӯзи 30 июн дар дараи Мазори деҳаи Хоҷа-Обигарми ноҳияи Варзоб низ сел омадааст.

“Обу лойқа биноҳои таҳхонаи чанде аз хонаҳои сокинони маҳаллиро зер карда, ба иншооти ёрирасон қисман зарар расонид”, - хабар медиҳад Кумита.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ корҳо ҷараён доранд. Талафоти ҷонӣ нест.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, рӯзҳои 1-2 июл дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари омадани сел дар маҳалҳо вуҷуд дорад.  

Рӯзҳои 1-3 июл дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе бо сабаби чангбод аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ эҳтимоли баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.