Имрӯз рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки дар Ӯзбекистон ва бо забони тоҷикӣ нашр мешавад, 100-сола шуд. Шумораи аввали ин нашрия 25-уми августи соли 1924 дар шаҳри Самарқанд чоп шуд ва он замон номи рӯзнома “Овози тоҷики камбағал” буд.

“Овози тоҷик” аввалин нашрия бо забони тоҷикӣ буд, ки дар номи он калимаи тоҷик истифода гардид. Давоми сад сол ин нашрия чанд маротиба тағйири ном кард, дар вазъи гуногуни сиёсӣ интишор шуд ва доираи хонандагону масоили мавриди таваҷҷуҳаш ҳам тағйир ёфт, аммо асолату рисолати аслии он дигар нашуд: Ин нашрия ҳамеша бо забони тоҷикӣ нашр шуд ва барои пойдории забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, ки миллионҳо тоҷик зиндагӣ доранд, саҳм гузошт.

Имрӯз, ки “Овози тоҷик” 100-сола мешавад, бо сарпарастии ҳукумати Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд нашр мегардад ва сиёсати ҳукуматро инъикос мекунад. Дар баробари ин, аз рӯзгори тоҷикони Ӯзбекистон маводҳо нашр карда, забону фарҳанги тоҷикро тарғиб менамояд.

Масъулини рӯзнома мегӯянд, ҳарчанд давлат нашрияро сарпарастӣ мекунад, аммо таваҷҷуҳи ками тоҷикони Ӯзбекистон чопи минбаъдаи ин ҳафтаномаро зери суол бурдааст. Саҳми обунаи ихтиёрии ин рӯзнома камтар аз даҳ дарсад аз теъдоди нашрро ташкил медиҳад. Сармуҳаррири рӯзнома мегӯяд, талошҳояшон барои бештар кардани обунаи ихтиёрӣ миёни тоҷикони Ӯзбекистон чандон муваффақ набудааст.

100 сол пеш “Овози тоҷик” чӣ гуна ташкил шуд, чанд маротиба тағйири ном кард, кадом масоилро баррасӣ мекарду мекунад ва ҳолу ҳавои он дар ин шабу рӯз чист?

 


“Овози тоҷики камбағал”

Пас аз чанде ба хомушӣ ғунудан,

Баромад оқибат “Овози тоҷик”.

Шумораи нахустини рӯномаи “Овози тоҷик” 25-уми августи соли 1924, баъди баста шудани “Шӯълаи инқилоб”, рӯзномаи дигари тоҷикзабон дар соли 1921, дар шаҳри Самарқанд чоп шуд. Номи рӯзнома он замон “Овози тоҷики камбағал” буд.

Профессор Иброҳим Усмонов, устод ва муҳаққиқи журналистикаи тоҷик, мегӯяд, ин “Овози тоҷики камбағал” аввалин рӯномае буд, ки дар унвони он номи тоҷик зикр мешуд.

“То пайдо шудани “Овози тоҷики камбағал” тамоми нашрияҳо, аз ҷумла “Бухорои Шариф”, “Оина”, “Самарқанд”, “Шӯълаи инқилоб”, “Баҳри Хазар” забонашонро форсӣ мегуфтанд, аммо калимаи “тоҷик”-ро истифода намекарданд. “Овози тоҷики камбағал” аввалин нашрия буд, ки калимаи “тоҷик”-ро истифода кард ва он ҳам дар унвони рӯзнома зикр шуда буд. Соли 1924 Тоҷикистон, яъне давлати тоҷикӣ пайдо шуд. Аз ин лиҳоз, ин рӯзномаро номи дигар додан мумкин набуд ва чунин унвон гирифтанаш бозгӯи он буд, ки маҳз барои халқи тоҷик аст”, - мегӯяд Иброҳим Усмонов.

Нӯҳ шумораи аввал рӯзнома “Овози тоҷики камбағал” ном дошт. Чаро “камбағал”? Ба қавли Иброҳим Усмонов, рӯзномаро Инқилоби Октябр ба вуҷуд овард. Инқилоби октябр инқилоби халқи камбағал буд. Аз ин сабаб, дар номи нашрия калимаи камбағал илова гардид.

Иброҳим Усмонов

Аммо баъди нашри нӯҳ шумора, шумораи даҳуми рӯзнома 7-уми ноябри соли 1924 бо номи “Овози тоҷик” чоп шуд.

“Овози тоҷик” дар Самарқанд бо теъдоди 2 ҳазор нусха нашр мешуд ва котиби масъулу муҳаррири аслии рӯзнома Саидризо Ализода, аз эрониҳои Самарқанд буд. Бо рӯзнома Абдулқаюми Қурбӣ, Ҳоҷӣ Муин Шукруллоев, устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода барин зиёиён ҳамкории зич доштанд. Он ҳамчунин дар Фарғона, Хуҷанду Намангон Тошканду Душанбе паҳн мешуд.

Муҳаққиқони журналистикаи тоҷик мегӯянд, он замон яке аз вазифаҳои асосии рӯзнома мубориза барои ташкили мактаб буд. Ин рӯзнома дар муайян кардани номи забон ва хати мо нақши муҳим дошт. Ин нукта дар “Сабақҳои “Овози тоҷик” – маҷмӯи мақолаҳое, ки ин рӯзнома оид ба забони тоҷикӣ, муносибати забони тоҷикӣ бо форсӣ, мавқеи халқи тоҷик дар Осиёи Миёна интишор намудааст, таъкид гардидааст.

““Овози тоҷик” бештар мӯҳтавои фарҳангӣ омода мекард. Ба вуҷуд омадани мактаб, театри тоҷикӣ, нашри китоб ба забони тоҷикӣ аз мавзуъҳои меҳварии рӯзнома буданд. Душвории кор ҳам дар ҳамин буд, чунки на ҳамаи ҳукуматдорон мехостанд, ба забони тоҷикӣ мактаб бошад. “Овози тоҷик” дар ҳамин ҷабҳа мубориза бурд”, - мегӯяд Иброҳим Усмонов.

Ӯ таъкид мекунад, ки “бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон матбаа ва рӯзномаи “Овози тоҷик” бояд ба Душанбе кӯчонида мешуд, вале зиёиёни Самарқанд нахостанд ин рӯзнома аз Самарқанд берун барояд, зеро барои Ӯзбекистон низ рӯзномаи тоҷикӣ лозим буд”.

 

Фишор ва тағйири ном

Рӯзнома муддате таҳти фишор қарор доштааст. Саидризо Ализода дар мақолаи “Як сӯиқасди ғаразкорона ба муқобили маҷаллаи мо” менависад, “намемонанд, ки халқи тоҷик ба забони модариаш рӯзнома дошта бошад. Миллатчиҳо ба мо халал мерасонанд”.

Соли 1928 бошад маҷаллаи ҳаҷвии “Мушфиқӣ” бахшида ба 4-солагии “Овози тоҷик” карикатураеро нашр кард, ки дар он чӣ гуна ба по хестани рӯзнома тӯли ин чор сол ифода меёфт.

Аз соли 1931 то соли 1950 он бо номи “Ҳақиқати Ӯзбекистон”, солҳои 1950-1964 “Ӯзбекистони Сурх”, солҳои 1964-1991 боз бо номи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” нашр мегардид.

Солҳои 80 ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта “Овози тоҷик” қариб 50 ҳазор нусха нашр мешуд ва дар инъикоси масоили миллӣ хеле фаъол буд. Ин буд, ки соли 1991 он ба номи аслии худ - “Овози тоҷик” баргашт.

 

Номи рӯзнома дар солҳои гуногун чанд маротиба тағйир ёфтааст.

Имрӯзи “Овози тоҷик”

Имрӯз “Овози тоҷик” ҳафтае ду маротиба дар Тошканд нашр мешавад ва се муассис дорад: Палатаи қонунгузор ва Сенати Маҷлиси Олӣ ва Девони вазирони Ӯзбекистон.

Теъдоди нашри он бештар аз 4 ҳазор нусха аст, ки муассисонаш маблағгузорӣ мекунанд.

Мисли ҳар расонаи расмии давлатӣ, “Овози тоҷик” ҳам сиёсати давлати Ӯзбекистонро бо забони тоҷикӣ инъикос мекунад. Дар баробари ин, маводҳои фарҳангӣ, шеъру ҳикояҳо ва мақолаву очерку лавҳаҳое, ки аз вилоятҳо ирсол мегарданд, нашр менамояд.

“Овози тоҷик” минбари адибони тоҷикзабон низ ҳаст. Баъзе тарҷумаҳои шеъру мақолаҳои ӯзбекиро низ интишор мекунад. Ҳамчунин дар бораи мактабҳои тоҷикӣ, тарзи фаъолият ва сатҳи таълим дар онҳо, тоҷиконе, ки дар ин ё он соҳа муваффақ мегарданд, маводҳо нашр мекунад”, - мегӯяд Мирасрор Фарғонӣ, хабарнигори “Овози тоҷик” дар Фарғона ва Намангон.

Ӯ мегӯяд, “Овози тоҷик” имрӯз низ ба муқобили амалҳои баъзе ҳамзабонон, аз ҷумла беҳавсалагӣ ва бемасъулиятӣ нисбат ба забону фарҳанги худ, аз забони тоҷикӣ афзал шуморидани забонҳои дигар, ҳифз накардани забони худ мақолаҳо интишор мекунад.

Мирасрор Фарғонӣ

Ба қавли Мирасрор Фарғонӣ, ҳоло рӯзнома дар Фарғонаву Андиҷон, Намангон, Самарқанду Бухоро, Қаршию Сурхандарё, Қашқадарё, Навоӣ ва Ҷиззах мухбирони худро дорад.

Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор ва муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, президенти имрӯзаи Ӯзбекистон рӯзнома дар инъикоси баъзе масоил каме озодтар шуд, зеро пештар гарчанд маҳдудияти расмӣ набуд, вале наметавонистанд мавзуъҳои марбут ба ҳуввияти миллиро инъикос кунанд.

“Соли гузашта Абдулло Субҳон, рӯзноманигор ва шоир дар бораи тозагии забон ва тағйир додани тарзи таълими забон дар мактабҳои тоҷикӣ дар “Овози тоҷик” мақолае нашр кард, ки баҳсу вокунишҳои зиёд ба бор овард”, - мегӯяд Шарифзода.

Вале Шарифзода таъкид мекунад, ки барҳам хӯрдани шӯъбаи тарҷума дар нашрия кори рӯзномаро душвор кардааст. Зеро тамоми масъулияти дурустии тарҷума бар зиммаи худи рӯзнома аст.

 

Қироншоҳ Шарифзода

“Мардум ба аҳдашон наистоданд”

Барҳам хӯрдани шуъбаи тарҷума ягона мушкили рӯзнома нест. Ба қавли Шерпӯлод Вакилов, сармуҳаррири кунунии “Овози тоҷик”, таваҷҷуҳи тоҷикони Ӯзбекистон ҳам ба рӯзнома кам шудааст.

“Вақте ҳукумат талаб кард, ки обунаи маҷбурӣ аз байн бурда шавад, ба вилоятҳо сафар карда, бо мардуми тоҷик ва муаллимони забон ва адабиёти тоҷик сӯҳбат кардем. Онҳо гуфтанд, ки агар обунаи маҷбурӣ барҳам хӯрад, мо ҳатман ба “Овози тоҷик” обуна мешавем. Обунаи маҷбурӣ барҳам хӯрд, вале мутаассифона, мардум дигар на обуна мешаванду на рӯзнома мехонанд”, - гила мекунад Шерпӯлод Вакилов.

Ӯ ҳайрон аст, ки чаро мардум аз рӯзномаи тоҷикӣ рӯ гардонида истодаанд. Ва тахмин мекунад, ки шояд ин ба рушди интернет ва арзиши рӯзнома вобаста бошад.

Аммо Иброҳим Усмонов сабаби ба ин сатҳ расидани нуфузи рӯзномаи тоҷикиро ба иродаи сусти халқи тоҷики Ӯзбекистон рабт медиҳад.

Ӯ мегӯяд, “намешавад барои ин аз ҳукумат домангир шуд, зеро маҳдудият барои забони тоҷикӣ имрӯз дар Ӯзбекистон нест. Мардум талаб кунанд, ҳаққи худро соҳиб шаванд. Аксари зиёиёни тоҷики Ӯзбекистон барои матбуоти тоҷик дарди худро мегӯянд. Чаро дар Ӯзбекистон ин корро намекунанд?”.
Шерпӯлод Вакилов

Ба гуфтаи Шерпӯлод Вакилов, мушкилоти дигари рӯзнома норасоии мутахассисони ҷавон аст. Ҳоло қариб 70 дарсади кормандони “Овози тоҷик” нафақахӯр ё аз 60-сола боло мебошанд.

“Азбаски дар Тошканд муҳити адабии тоҷикӣ нест, пайдо кардани мутахассисони ҷавон ниҳоят душвор буда, хоҳишмандон аз вилоятҳо бо сабаби мушкили будубош ва манзил ба пойтахт намеоянд”, - мегӯяд Шерпӯлод Вакилов.

Аммо бо ин ҳама мушкилот, дастандаркорони рӯзномаи “Овози тоҷик” бо дасту дили гарм фаъолият доранд ва барои тоҷикони Ӯзбекистон ва берун аз он нашрия омода мекунанд. Онҳо умедворанд, ки тоҷикони бонангу номус “Овози тоҷик”-ро дастгирӣ мекунанд ва барои шунида шудани он даст ба ҳиммат мешаванд. Зеро ба қавли устод Айнӣ, ки дар таъсису пойдории “Овози тоҷик” саҳми арзанда гузоштааст: “Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат гӯё забони эшон аст. Ҳар қавм ва миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад”.

Ҳайати эҷодии Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” аҳли эъҷод ва хонандагону ҳаводорони “Овози тоҷик”-ро бо ҷашни 100-солагӣ табрик мегӯяд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.