Имрӯз, 12-уми сентябр дар Душанбе таҳти унвони “Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ” конфронси байналмилалӣ оғоз гардид.
Дар он профессорон, ходимони илмӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Миср, Бангладеш, Бруней Доруссалом, Ҷибути, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Қувайт, Алҷазоир ва олимону донишмандони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронсро Шарифзода Фаррух, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оғоз карда, дар бораи нақш ва эҷодиёти мутафаккирони барҷастаи тоҷик дар ҷаҳони ислом сухан гуфт.

Дар ҷаласаҳои панелӣ олимону донишмандони дохиливу хориҷӣ дар бораи саҳми таърихии донишмандони тоҷик, чун Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ дар рушди равияҳои фарҳанги исломӣ гуфтанд.
Аз ҷумла, Кароматулло Олимов, академики тоҷик хидмати бузургони гузаштаи тоҷикро барои инсоният бузург арзёбӣ карда, гуфт, “андешаҳои донишмандони гузаштаи тоҷик на танҳо барои ҷаҳони ислом, инчунин ба тамоми ҷаҳон барои таблиғи ақидаҳои инсонпарварона, таҳаммулпазирӣ, даъват ба дӯстӣ, зиддият бо ҷангу ҷаҳолат ва таблиғи маорифу маърифату дониш то имрӯз хизмат мекунанд”.
Доктор Азеддин Бензежиба, намояндаи маркази фарҳанг ва мероси “Ҷумъа Ал-Маҷид”-и Аморати Муттаҳидаи Араб пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон “Маркази эҳёи маърифатии Мовароуннаҳр” таъсис дода шавад. Ин пешниҳод ба таври хаттӣ ирсол шуд ва мавриди муҳокима қарор дорад.

Бояд гуфт, конфронс ду рӯз, 12-13 сентябр давом хоҳад кард. Дар назар аст, ки дар доираи он дар Маркази мероси хаттӣ намоишгоҳ баргузор гардад ва меҳмонон ҳамчунин аз Осорхонаи миллӣ боздид кунанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2025
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2025
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста