Шоҳмотбозони Тоҷикистон дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот дар Будапешт иштирок доранд ва бозиҳои худро бо ғалабаҳои боварибахш оғоз намуданд.

Тавре ки котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод, имсол Олимпиада дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) - шаҳри Будапешт мегузарад ва то 23 сентябр идома меёбад.

Намояндагони Тоҷикистон ҳам байни мардон ва ҳам миёни занон бозӣ мекунанд. Ба дастаи мардонаи ҷумҳурӣ Алишер Каримов, Илҳоми Ҷалолиддин, Аминҷон Қобилов, Сулаймон Оймаҳмадов шомил буда, Ҷамшед Исоев капитани даста мебошад.

Дар даври аввал дастаи мардонаи Тоҷикистон тими Камбоҷаро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон аз Надежда Антонова, Рухшона Саидова, Дилола Толибова, Шукрона Масхабова иборат буда, Хуршед Ватанов капитани даста аст.

Дастаи занонаи шоҳмотбозони Тоҷикистон дар ин чемионат
Федератсияи шоҳмоти ҶТ

Дар даври аввали Олимпиада дастаи занонаи Тоҷикистон низ ҳарифони худро аз тими Серр-Леоне бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Имсол ба Олимпиадаи шоҳмот 380 дастаи занона ва мардона қариб аз 200 кишвар ба Маҷористон омаданд. Ҳайати дастаҳо аз 4 бозингар ва иловаи бозингари эҳтиётӣ иборатанд.

Бозиҳо дар 11 давр тибқи системаи швейтсарӣ бо назорати вақти 90 дақиқа барои 40 гашт, ҷамъи 30 дақиқа то охири бозӣ бо иловаи 30 сония ба ҳар як гашт шурӯъ аз якум гузаронида мешаванд.

«Олимпиадаи шоҳмот мусобиқаи даставӣ барои дастаҳои кишварҳо узви ФИДЕ мебошад. Барои омодагӣ ба ин мусобиқаи муҳим мо омодагии ҷиддӣ мегирем. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи шоҳмот барандагони медалҳои чемпионати ҷумҳурӣ шомил шудаанд», - гуфт Илҳом Юнусов.

Дастаи мардонаи шоҳмотбозони Тоҷикистон дар ин чемпионат
Федератсияи шоҳмоти ҶТ

Дар мавриди натиҷаи шоҳмотбозони тоҷик дар Олимпиада, котиби генералии Федератсия ба рушди маҳоратҳои бозигарони даста ишора карда, зикр намуд, ки бо заҳмати зиёд ва муносибати дуруст даста дар Олимпиадаи шоҳмот натиҷаҳои хуб ба даст хоҳад овард.

«Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мо мусобиқаҳои дохилӣ мегузаронем. Шоҳмотбозони тоҷик барои иштирок дар чунин сатҳи баланд, аз ҷумла аз ҷиҳати рӯҳӣ, омодагӣ мебинанд. Сатҳи дастаи мо боло рафта, ба натиҷаҳои хуб умед дорем», - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки Олимпиадаи 45-уми шоҳмот, ки аз ҷониби ФИДЕ ташкил шудааст, ҳам мусобиқаҳои кушод ва ҳам мусобиқаҳои занонаро дар бар мегирад. Инчунин, чандин чорабинӣ барои рушди шоҳмот низ доир мегардад. Олимпиадаи имсола аввалин Олимпиада дар Маҷористон пас аз баргузории Олимпиадаи дуюми ғайрирасмӣ дар соли 1926 дар Будапешт мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.