Абдушариф Боқизода, ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону наздикони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Иллати даргузашти ин донишманди тоҷик маълум нест.

Ҷанозаи марҳум имрӯз, 27-уми сентябр пас аз адои намози ҷумъа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (назди Донишкадаи исломии Тоҷикистон) баргузор хоҳад шуд.

Марҳум 10-уми январи соли 1964 дар Қаротегин таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар риштаи забони арабӣ дар соли 1994 ва фориғуттаҳсилли риштаи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Абдушариф Боқизода муаллифи чандин рисолаву асарҳои арзишманд ба монанди "Ислом раҳнамои халқҳо", "Таърихи ислом", "Ошноӣ бо Қуръон", "Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият", "Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ", "Тафсири навини Қуръони карим", "Панднома ва ё насиҳатномаи Имоми Аъзам" ва дигар китобҳо мебошад.

Солҳои охир ӯ дар Энсклопедияи миллии Тоҷик кору фаъолият мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.