Аз 16 то 18 октябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар баргузор мешаванд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зимни чорабинӣ рӯзи 16-уми октябр дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” вохӯрии вазирони фарҳанги ду кишвар доир мегардад. Ҳамин рӯз дар майдони 800-солагии Маскав намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, маросими ифтитоҳи Рӯзҳо соати 17:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз мегардад.
Ду рӯзи минбаъда - 17 ва 18 октябр соати 18:30 барномаи фарҳангии аҳли ҳунари Давлати Қатар пешкаши тамошобинон мегардад.
Гуфта мешавад, ҳамчунин рӯзи 17 октябр боздиди ҳайати иштирокчиён аз шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.