Дар ноҳияҳои Дарвозу Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) чанд деҳаи нав пайдо шуда, номи чанде аз маҳаллаҳои дигари аҳолинишин иваз карда шуданд. Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ дар ин бора рӯзи 5-уми ноябр имзо шуд.
Ба иттилои “Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон, бо қарори палати болоии парлумон аз ҷумла, маҳалли аҳолинишини Дашти Паткуноби деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номи он ба Сомониён иваз карда шуд.
Дар ноҳияи Шуғнон чунин деҳаҳои нав пайдо шуданд:
- маҳалли аҳолинишини Себзори деҳоти Навобод ба деҳаи Себзор;
- маҳалли аҳолинишини Деҳбастаи деҳоти Навобод ба деҳаи Деҳбаста;
- маҳалли аҳолинишини Саидхомушиёни деҳоти Навобод ба деҳаи Саидхомушиён;
- маҳалли аҳолинишини Кулеви деҳоти Навобод ба деҳаи Кулев.
Ҳамчунин, моми маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъа иваз карда гардиданд:
- деҳаи Ҷелондеҳи деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Оби Гарм;
- деҳаи Лесхози деҳоти Барвоз ба деҳаи Лоҷварди ноҳияи Роштқалъа;
- деҳаи Бутаноқурғани деҳоти Сежд ба деҳаи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа;
- деҳаи Қарақуруми деҳоти Сежд ба деҳаи Сиёвушгирди ноҳияи Роштқалъа.
Қарори ивази номи деҳаҳоро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 5-уми январдар ҷаласаи навбатии ин палатаи парлумон имзо кард.
Дар ҷаласаи рӯзи 5-уми ноябр ҳамчунин, номи беш аз 500 деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар вилояти Хатлон, ки номҳои русӣ, туркӣ ва ё ба номи шахсиятҳои замони Шӯравӣ номгузорӣ шуда буданд, “ба номҳои тоҷикӣ" иваз карда шуданд.
Аксари ин номҳо аз замони Шӯравӣ боқӣ монда, аксарашон номи "Коммунист", "Коммунизм", "Ленинобод", "Октябр", "Правда", "Киров", "Горкий", "Пушкин" ва халқиятҳо - "Тоҷикобод", "Ӯзбекобод", "Қирғизобод", "Қазоқобод" ва ғайраро доштанд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷайҳун деҳаи Ҷалолиддини Балхӣ ба Балхиён, дар ноҳияи Қубодиён деҳаи Садриддин Айнӣ ба Ахтарсо, дар ноҳияи Дӯстӣ деҳаи Лоҳутӣ ба Панҷшер, дар ноҳияи Кӯшониён деҳаи Мирзо Турсунзода ба Шедрӯд ва дар ноҳияи Темурмалик ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов ба деҳоти Гурдоварон иваз карда шуданд.
Дар ноҳияи Кӯшониён шаҳраки Исмоили Сомонӣ ба Сомониён ва дар ноҳияи Данғара деҳаи Данғараи боло ба номи Раҳмониён иваз гардиданд.
Феҳристи комили иваз шудани номи деҳа, ҷамоати деҳот ва шаҳракҳо дар вилояти Хатлонро дар замимаи зерин дида метавонед.
Бояд гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон солҳои пеш номи вилоят ва шаҳру навоҳиро, ки аз замони шӯравӣ русӣ монда буданд, ива кард. Аз ҷумла, вилояти Ленинобод - Суғд шуд ва ноҳияи Нов ба Спитамен, Пролетар ба Ҷаббор Расулов, Куйбишев ба Абдураҳмони Ҷомӣ ва Маскав ба Ҳамадонӣ иваз гардида буданд.
Ҳамчунин, бори охир моҳи августи соли 2023 Ҳукумати Тоҷикистон қарор дар мавриди табдили номи ҳудуди 3,5 ҳазор иншооти ҷуғрофиро дар қаламрави кишвар тасдиқ карда буд.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста