Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта 31 қонунро имзо намуд. Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи санадҳои қонунгузории имзошуда буд. Хабаргузории “Азия-Плюс” ба муҳтавои тағйиру иловаҳое, ки ба ин кодекс ворид карда шуд, даст ёфт. Маълум шуд, ки аксари тағйирот ба сахттар кардани муҷозот барои қонуншиканиҳо дар самти ҳифзи муҳити зист рабт дорад.
Бояд гуфт, ки ҳаҷми ҷаримаҳо бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо нишон дода шудааст, ки дар соли 2024-ум 1 нишондиҳанда 72 сомонӣ аст.
Дар асоси тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи хидматрасонии муздноки тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ (моддаи 123) табибон, ҳамшираҳо ва ё онҳое, ки хидматрасонии музднокро қасдан баланд мекунанд ё барои хидматрасонии ройгон пул талаб мекунанд, аз 30 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд. Аз ин пештар шахсони масъул аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Ҳамчунин, дар асоси тағйиру иловаҳо, акнун шаҳрвандоне, ки заминро ифлос мекунанд (бо моддаҳои кимиёиву радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва обҳои партов...) аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, шахсони мансабдор аз 35 то 45 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Қаблан, шаҳрвандоне, ки ба ин кирдор дастӣ мезанад, аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мансабдорон аз 30 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Дар асоси тағйирот, ҳамакнун шаҳрвандоне, ки ба чашмаҳо ва дигар манбаъҳои об, ки дар заминҳои захираи давлатии об воқеанд, партов партофта ифлос мекунанд, аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мансабдорон аз 15 то 25 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Қаблан онҳо барои ин кор шахсони воқеӣ аз 1 то 5, мансабдорон аз 10 то 20 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Акнун шаҳрвандоне, ки дарахту буттазори ҷанглаҳоро мебуранд, зироатҳои ҷангалу ниҳолзорро нобуд мекунанд (моддаи 183) аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мансабдорон аз 30 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Қаблан, шаҳрвандон барои ин кор аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мансабдорон аз 20 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Ҳамчунин, шаҳрвандоне, ки дарахтони ҷангалзорро дар шафати роҳҳои автомобилгард ва оҳан, обанборҳо, ҷӯйборҳо худсарона мебуранд (моддаи 196) аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мансабдорон аз 30 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Пештар, шахсони воқеӣ аз 5 то 10, мансабдорон аз 20 то 30 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Барои пешниҳод накардан, пинҳон доштан ё таҳриф кардани маълумот оид ба ҳолати муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ (моддаи 218) низ ҳаҷми ҷарима зиёд шуд. Акнун барои ин корҳо шахсони воқеӣ аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мансабдорон аз 40 то 50 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Қаблан, шаҳрвандон аз 10 то 15, мансабдорон аз 30 то 50 ва корхонаву идораҳо аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Барои риоя накардани стандартҳо, қоидаҳо, меъёрҳо, дастурамалҳою дигар талаботи экологии ҳифзи муҳити зист (моддаи 223) акнун шаҳрвандон аз 5 то 10, мансабдорон аз 15 то 25 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Қаблан, шаҳрвандон аз 2 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мансабдорон аз 10 то 20 ҷарима мешуданд. Дар бораи ҳаҷми ҷаримаи шахсони ҳуқуқӣ дар моддаи қаблӣ маълумот нест.
Ҳамчунин, барои зиёда аз меъёр ё беиҷозат партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити атроф, гӯронидани партовҳо дар муҳити атроф (моддаи 224) ҳамакнун, шаҳрвнадон аз 5 то 10, шахсони мансабдор аз 15 то 20 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешавад.
Қаблан, шаҳрвандон аз 3 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, шахсони мансабдор аз 10 то 15 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Ҷарима барои ба истифода додани корхона бе риояи талаботи ҳифзи ҳавои муҳит (моддаи 225) аз 10 то 15 нишондиҳандаи қаблӣ барои мансабдорон ба 15 то 20 нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳандаи қаблӣ то 150 - 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баланд карда шуд.
Ҳамчунин, барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот (моддаи 227) акнун шаҳрвандон аз 5 то 10, шахсони мансабдор аз 15 то 20 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пардохт мекунанд.
Қаблан, барои ин кор шахсони воқеӣ аз 3 то 5, шахсони мансабдор аз 10 то 15 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима месупориданд.
Акнун барои истифода бурдани воситаҳои нақлиёт, ки дудашон аз меъёр зиёд моддаҳои ифлоскунанда (моддаи 230) шаҳрвандон аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Қаблан, барои ин кор огоҳӣ дода мешуд ва ё 1 нишондиҳанда ҷарима таъин мегардид.
Ҳамзамон, моддаи 231 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул шудааст, ки дар асоси он барои риоя накардани талабот ҳангоми ҷамъоварӣ ва сӯзонидани партовҳо шахсони воқеӣ аз 5 то 10, мансабдорон аз 35 то 45 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Қаблан, ин модда бо номи “риоя накардани талаботи муҳофизати ҳавои муҳит ҳангоми андухтани партовҳои саноатӣ ва маишӣ” буд ва барои ин кирдорҳо шаҳрвандон аз 1 то 3, мансабдорон аз 30 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Акнун, барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми кашонидану ҷой кардан ва ё истифодаву нест кардани партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо (моддаи 232) ба шахсони воқеӣ аз 5 то 10, ба шахсони мансабдор аз 15 то 20 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Пештар, барои ин кирдорҳо шаҳрвандон аз 1 то 3 нишондиҳанда, мансабдорон аз 10 то 15 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Ҳамчунин, барои риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми банақшагириву сохтмон, таҷдиди корхонаҳо, воситаҳои ҳаракаткунанда ва воридоту содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ хавфнок (моддаи 234) шаҳрвандон аз 15 то 20, мансабдорон аз 35 то 45 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Қаблан, барои ин кирдор шахсони воқеӣ аз 10 то 20, шахсони мансабдор аз 30 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Бар илова, барои бе иҷозат иҷро кардани корҳои сохтмон, кушодани конҳо (карерҳо), ки ба муҳити зист ва захираҳои табиӣ зарарк мерасонанд (моддаи 235) шаҳрвандон аз 20 то 30 нишондиҳанда, мансабдорон аз 40 то 50 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Пештар барои ин кор, шахсони воқеӣ аз 10 то 20, мансабдорон аз 40 то 50 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима месупориданд.
Ҳамзамон, барои барҳам додани иншооти ҳифзи табиат дар таҷҳизот ва объектҳои амалкунандаи технологӣ (моддаи 236) ба шахсони мансабдор аз 45 то 55 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шуд.
Қаблан, барои ин кирдорҳо шахсони мансабдор аз 40 то 50 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Барои несту нобуд кардан ва расонидани осеб ба мамнӯъгоҳҳои давлатӣ, боғҳои миллии табиӣ, минтақаҳои табобатию солимгардонӣ ва истироҳатию осоишгоҳӣ, (моддаи 237) низ ҳаҷми ҷарима зиёд шуд. Қаблан, ки барои ин кирдорҳо шахсони воқеӣ аз 10 то 20 ва шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд, акнун, шаҳрвандон аз 15 то 25, мансабдорон аз 35 то 45 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Ҷарима барои истифодаи захираҳои табиӣ бе иҷозати махсус (моддаи 238) низ барои шаҳрвандон аз 10 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои мансабдорон аз 25 то 35 ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин шуд.
Қаблан, барои ин кор шахсони воқеӣ аз 5 то 10, мансабдорон аз 20 то 30 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Ҳамчунин, дар асоси тағйиру иловаҳои нав, барои риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми нигоҳ доштан, безарар гардонидан ва гӯронидани партовҳои саноатии токсигенӣ ва партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ (моддаи 239) шаҳрвандон аз 10 то 15, мансабдорон аз 35 то 45 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Пештар, барои ин кирдорҳо шахсони воқеӣ аз 5 то 10, шахсони мансабдор аз 30 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Барои худсарона буридани дарахту буттаҳо дарахти тут ва дигар, ки барои кабудизору ободонии шаҳрҳо ва дигар маҳалаҳои аҳолинишин (моддаи 242) шахсони воқеӣ аз 10 то 20, шахсони мансабдор аз 30 то 40 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Қаблан, барои буридани дарахтон шахсони воқеӣ аз 5 то 10 ва шахсони мансабдор аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Ҷарима барои риоя накардани низоми муқарраршудаи истифодаи заминҳои таъйиноти муҳити зист (моддаи 243) ба шаҳрвандон аз 5 то 10, мансабдорон аз 15 то 25 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқарар шуд.
Пештар, барои ин кирдор шахсони воқеӣ аз 3 то 7 ва шахсони мансабдор аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Барои расонидани зарар ба киштзор ва дигар заминҳо тавассути заҳролуд кардан (моддаи 244) шаҳрвандон аз 5 то 10, мансабдорон аз 15 то 20 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Аз ин пеш, барои ин кор шахсони воқеӣ аз 3 то 7 ва шахсони мансабдор аз 10 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Ҳамчунин, дар кодекс моддаи нав - 2491 илова карда шуд. Дар асоси моддаи нав, барои поймол намудани тутзор, несту нобуд кардани баргҳои дарахтони тут ва осеб расонидан ба дарахти тут шаҳрвандон аз 5 то 10 ва шахсони мансабдор аз 10 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Барои бо аспу ароба ва чорво поймол кардани тутзор аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои худсарона бо воситаи нақлиёти автомобилӣ, трактор, комбайн ва дигар воситаҳои нақлиёт поймол кардани тутзор, аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои дар давоми як соли баъдӣ таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдор шахсони воқеӣ аз 30 то 40 ва шахсони мансабдор аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Барои аз тиреза ва аз дари вагонҳои поезд партофтани партову пасмондаҳо ва дигар ашё, (қисми 3 моддаи 286) аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мешавад. Қаблан барои ин кирдор аз 0,5 то 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мешуд.
Ҷарима барои риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ ва кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ (моддаи 322) аз ду то се нишондиҳандаи қаблӣ ба панҷ то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шуд.
Ҳамчунин, барои партофтан ва сӯзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда (моддаи 452) низ ҷарима зиёд шуд. Акнун барои ин кирдор шаҳрвандон аз 5 то 10, мансабдорон аз 15 то 25 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 70 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд.
Пештар барои ин кор шаҳрвандон аз 3 то 5, мансабдорон аз 10 то 20 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешуданд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҳукумат ба кабудизоркунии кишвар бештар равона шудааст. Чанде қабл, Тоҷикистон бо назардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи сабз барномаи “Кишвари сабз”-ро қабул кард.
Дар асоси он то охири соли 2025 дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар шинонидани 65 млн дарахту бутта ба нақша гирифта шудааст. Бештар дарахтони мевадиҳанда, хуч ва санавбар шинонида мешаванд. Маблағи умумии амалисозии барнома 129 млн 875 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 11,8 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Дар ин барнома чӣ гуфта шудааст ва чӣ гуна Тоҷикистонро баъди 3 сол ба боғистон табдил медиҳанд, дар ин мавод хонед.
Афзалият ва имконияти таҳсил дар хориҷа. Дар Душанбе ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ ҷараён дорад
Ӯзбекистон осонтар кардани гузаштани сарҳад бо Тоҷикистонро дар нақша дорад
Ба Ватан баргашт, вале дар ғурбат ҷон дод. Нигоҳе ба муҳоҷирати Бозор Собир ва ақидаҳои чолишбарангези ӯ
Президент корхонаи истеҳсоли мотороллерро дар Хуҷанд ба истифода дод
“Дарвозаҳои электронӣ”. Интизории тӯлонӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба поён мерасад?
Иштироки ҷудокорони тоҷик дар охирин мусобиқаи ҷаҳонии мавсими имсола
Муҳлати ҳабси тоҷикистониёни гумонбар ба амали террористӣ дар “Крокус” тамдид шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Имон овардани Билқис”
Як куштаву чор захмӣ. Чин аз Тоҷикистон таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба шаҳрвандонашро дархост намуд
Ҳоҷатхона дар куҷост? “Азия-Плюс” харитаи ҳоҷатхонаҳои Душанберо омода кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста