Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон “бе огоҳӣ” ба чанд мактаби шаҳри Ҳисор рафта, вазъи онҳоро нигаронкунанда дарёфтааст. Боздиди вазир маълум кардааст, ки дар баъзе мактабҳо таълиму тарбия, интизоми кор, ҳолати беҳдоштӣ, тозагӣ ва иштироки хонандагон дар дарс дуруст ба роҳ монда нашудааст.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илм хабар дода, навиштааст, ки зимни боздиди вазир, ки рӯзи 5-уми май сурат гирифт, ҳатто директор ва муовинонии баъзе мактабҳо “бе сабабҳои узрнок” дар ҷои кор набудаанд.
“...ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 (Бобоёров Зокирҷон) ва муовини директор оид ба хоҷагидорӣ (Муҳиддинов Маҳмадшоҳ) дар вақти корӣ бе сабабҳои узрнок дар кор ҳузур надоштанд”, - навиштааст манбаъ.

Ҳамчунин, хонандагони баъзе аз мактабҳо бидуни китобҳои дарсӣ ва либосҳои тавсиявӣ ба мактаб омадаанд. Ба саволҳои вазири маориф низ хонандаҳо посух дода натавонистаанд.
“Аз 22 хонанда, ягон нафар ба одитарин саволҳои пешниҳодшда, аз ҷумла, муаррифии худ ба забонҳои русӣ ва англисӣ, муодилаҳои одӣ аз синфи 7 ва технологияи иттилоотӣ чист, ҷавоб гардонида натавонистанд”,- гуфтааст Вазорат.
Вазорат ин мушкилиҳоро ба камтаваҷҷуҳии шуъбаи маорифи Ҳисор ва директорони мактабҳо рабт додааст.
Ӯ ҳамчунин, фаъолияти муҳосибони баъзе мактабҳоро ҳам ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардааст.
Раҳим Саидзода аз дидани ин ҳама камбудиҳо нигаронӣ карда, таъкид кардааст, ки “ҳар як корманди соҳаи маориф бояд бо дилу нияти нек, эҳсоси баланди ватандорӣ ва тарбияи солими насли наврас” корро ба роҳ монад.
Маълум нест, ки вазир барои бартарф кардани ин камбудиҳо чӣ чора андешидааст.
Бояд гуфт, ки масъалаи нокифоягии мактабҳо, мизу курсӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва таъмирталаб будани онҳо дар Тоҷикистон ташвишовар арзёбӣ мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар низ дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд, ки 314 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ, 378 бинои муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошад.
Ба гуфтаи ӯ инчунин дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо сабаби камбуди синфхона, хонандагон дар се баст таълим мегиранд.
Қаблан, “Азия-Плюс” пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиҳои соҳаи маориф матлабе бо унвони “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа”, нашр кард, ки дар ин пайванд метавонед мутолиа кунед ва аз мушкилиҳои соҳа огоҳ шавед..





Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста