Дар шоҳроҳҳои байнишаҳрии Тоҷикистон асбоби суръатсанҷ (радар) ва дурбинҳои назоратӣ (камера) насб мекунанд, ки ҳадафи он коҳиши қоидавайронкунии ронандагон ва садамаҳои нақлиётӣ аст.
Дурбинҳои назоратӣ ва суръатсанҷҳо айни замон дар як қатор шоҳроҳҳои кишвар, аз қабили Душанбе – Ҳисор, Душанбе - Ваҳдат, Душанбе - Бохтар ва дигар роҳҳои автомобилгард насб шуда истодаанд.
Камераҳои назоратӣ ва суръатсанҷ (радар) айни замон дар як қатор шоҳроҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурӣ аз қабили шоҳроҳҳои Душанбе – Ҳисор, Душанбе - Ваҳдат, Душанбе – Бохтар ва дигар шоҳроҳҳои автомобилгард насб шуда истодааст.
Шоҳроҳҳои байнишаҳрии кишвар аз ҷумлаи хатарноктарин дониста мешавад. Зеро ба сабаби суръати баланд нақлиёт дар ин роҳҳо ҳар сол даҳҳо ҳодисаи нохуш сабт мешавад, ки боиси ҳалокати инсонҳо мегардад.
Аз ҷумла, чанде пештар дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор дар пайи садамаи нақлиёт як кӯдаки ҳаштсола ба ҳалокат расид. Дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар як мошини боркаш ба 7 мошини дигар бархӯрд, ки дар натиҷа 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, танҳо дар соли гузашта дар кишвар бар асари садамаҳои нақлиётӣ 552 нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд. Яъне, ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз 1-2 кас дар натиҷаи садамаи нақлиёт вафот мекунанд.
Низоми NERU чӣ гуна кор мекунад?
Суръатсанҷҳо ва дурбинҳои назоратӣ дар минтақаҳои хатарнок, ки пайваст садамаҳои нақлиётӣ ба назар мерасанд насбу васл гардида, суръати баланд, ҳаракат ба самти муқобил ва дигар қоидавайронкуниҳои хатарнокро сабт мекунанд. Ба ин васила суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба танзим медароянд ва шуморраи садамаҳо коҳиш меёбанд. Маълумоти ҷамъшуда бошад, натанҳо барои вокуниши фаврӣ ба ҳодисаҳо, балки барои таҳлили мунтазами сабабҳои садама, эҷоди инфрасохтори бехатар имкон медиҳад.
Лоиҳаи NERU дар ҳамкорӣ бо мақомоту идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад ва ҳадафи он эҷоди низоми муосири бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.
Ҳамакнун, ронандагон қоидаҳои ҳаракат ва меъёри суръатро дар шоҳроҳҳо низ риоя мекунанд.




Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста