Имрӯз дар пойтахти ИМА - Вашингтон маросими ифтитоҳи сафоратхонаи Куба доир мегардад, ки пас аз 54 соли қатъи муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо дубора ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора нашрияи The Telegraph иттилоъ медиҳад.
Хабаргузории Интерфакс дар ин робита менависад, дипломатҳои Куба ин маросимро ботантана ҷашн гирифта, иштироки котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар он дар назар аст Хосе Рамон Кабанянс сафири Куба дар ИМА таъин шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин назди даромадгоҳ ба бинои департаменти давлатии ИМА дар қатори парчамҳои кишварҳое, ки бо ИМА муносибатҳои дипломатӣ доранд, парчами Куба низ барафрохта хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо замони президентии Дуайт Эйзенхауэр ва баъди сари ҳукумати Куба омадани Фидел Кастро қатъ шуда буданд. Пас аз инқилоби Куба дар соли 1959 ИМА нисбати Куба таҳримхои иқтисодӣ ҷорӣ намуда, соли 1961 муносибатҳои дипломатӣ бо ин кишварро қатъ намуда буданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста