Дар гузориши Хазинаи байнулмилалии асъор зикр мегардад, ки мавҷи гурезагон аз Шарқи Наздик ба рушди иқтисоди Аврупо мусоидат мекунад.
Бино ба маълумоти гузориш, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Олмон дар соли 2017 пас аз қабули 1 млн. нафар паноҳандагон метавонад 0,3% афзоиш ёбад. Имкон дорад, ки ба туфайли муҳоҷирон иқтисоди Шветсия ба миқдори 0,4% ва Австрия - 0,5 боло рафта, дар маҷмӯъ ММД-и Иттиҳоди Аврупо соли 2017 ба андозаи 0,13% афзоиш ёбад.
«Оқибатҳои манфии баъзе ҳодисаҳои ногувор дар робита ба муҳоҷирон маъмулан муваққатианд. Таъсири мусбат ба туфайли ҳавасмандсозӣ аз андоз, ки барои таъмини гурезагон амалӣ мешавад, бояд пойдору бардавом бошад», - изҳор доштааст ба Bloomberg Энрика Детражак, яке аз муаллифони гузориш.
Тибқи маълумоти агентии аврупоӣ оид ба назорати марзҳои берунаи Frontex, соли 2015 беш аз 1,2 млн. нафар муҳоҷирон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо омадаанд. Комиссияи Аврупо изҳор намуд, ки буҳрони ҳозираи муҳоҷират дар ҷаҳон бузургтарин аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба шумор меравад.



Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста