Зимни як амалиётии зиддитеррористии мақомоти пулиси шаҳри Истамбули Туркия ба гумони робита доштан бо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) 40 нафар шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шуданд, ки бархе аз онҳо чандин маротиба дар ҷангҳои Сурия иштирок доштаанд. Дар ин бора шоми рӯзи 18 сентябр хабаргузории давлатии Anadolu иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон зодагони Озарбойҷон, Эрон, Ироқ ва Афғонистон будаанд. Дар мавзеи Фотеҳи шаҳри Истамбул 23 манзили зист мавриди кофтуков қарор гирифта, санадҳо мусодира шудаанд.

Reuters менависад, тайи моҳҳои ахир ҳазорон аврупоиҳо ва шаҳрвандони ИМА ҷиҳати пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ ба Сурия раҳсипор шуда, аксари онҳо тариқи қаламрави Туркия азми сафар кардаанд.