Сарвати ҳашт миллиардери афсонавии ҷаҳон дар соли гузашта аз дороии 3,6 миллиард сокини Замин бештар шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти гузориши созмони ҷаҳонии мубориза бо фақр - Oxfam, фарқ миёни табақаи сарватмандон ва камбағалон дар соли 2016 ба сатҳи нави рекордӣ расида, 1 дарсади одамони сарватманд 50 дарсади сарвати тамоми рӯи оламро соҳибанд ва фақиртарин сокинони Замин ҳамагӣ 0,16 дарсади сарвати дунёро дар ихтиёр доранд.

Гуфта мешавад, соли 2015 натиҷаи таҳқиқоти созмони мазкур фарқ мекард: эҳтимол мерафт, ки сарвати 62 миллиардер бо дороии 4 миллиард сокини фақиртарини дунё баробар аст. Маълумоти нави созмон асосан аз ҳисоби Ҳиндустону Чин такмил шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки нахустин молики триллион ё триллионер мумкин аст, давоми 25 соли оянда падид ояд. Дар ҳоли ҳозир ҳар даҳумин сокини дунё дар як рӯз бо камтар аз ду доллар рӯз мегузаронад.