Субҳи рӯзи 8 март гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ ба як бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довуд дар Кобул ҳамла карда,  дар ин ҳамла 30 нафар кушта ва бештар аз 50 тани дигар захм бардоштаанд. Дар назди дарвозаи вурудии бемористон аввал таркиш рух дода, сипас ҳамлакунандагон худро ба дохили бино расонданд ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон Давлат Вазирӣ гуфтааст, ки ҳамаи захмиёни ин ҳодиса ба ҷойҳои муносиб интиқол дода шудаанд. То ба ҳол шахсияти қурбониёни ин даргирӣ эълон нашудааст. Мақомоти афғон ҳамзамон эълон кардаанд, ки ҳамаи чаҳор марди ҳамлакунанда кушта шудаанд.

Як масъули ин бемористон гуфтааст, ки ҳамлаварон аз тарафи шимоли шифохона ба дохил ворид шудаанд.Тибқи гузоришҳо, ҳамлакунандагон ба ошёнаҳои дувум, савум, чаҳорум ва шашуми бемористон худро расонида ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Забеҳулло Муҳоҷид, сухангӯи Толибон даст доштани ин гурӯҳ дар ҳамла ба бемористонро рад кардааст. Аммо тибқи бархе гузоришҳо, гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.