Сарвазири Туркия Бинали Йилдирим аз анҷоми амалиёти низомиии кишвараш бо номи "Сипари Фурот" дар шимоли Сурия хабар дода, аммо артиши турк аз ин минтақаи Сурия, ки бо Туркия ҳаммарз аст, берун меояд ё на, ҳанӯз дақиқ нест.

Бино ба маълумоти Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, вай оғози амалиёти навро дар минтақаҳои дигари Сурия дар фурсатҳои наздик аз эҳтимол дур надонистааст.

Гуфта мешавад, дар амалиёти "Сипари Фурот", ки моҳи августи соли гузашта шуруъ шуда буд, артиши пиёдагард, тонк ва нерӯҳои ҳавоии Туркия шуришиёни "Артиши озоди Сурия"-ро дар ҷанг бо гуруҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" кумак карданд. "Артиши озоди Сурия" ҳамзамон бо шӯришиён курд, ки бино бар тасдиқи Анқара, "террорист" ҳастанд, меҷангад.

"Аз ин ба баъд ҳангоми таҳдид ба амнияти мо аз сӯи "Давлати исломӣ" ва ё гуруҳҳои дигар, амалиёти навро шуруъ хоҳем кард", - гуфтааст Йилдирим.

Зикр мегардад, ки 30 март Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон барои анҷоми гуфтугӯҳо дар мавзуи мубориза зидди "Давлати исломӣ" бо роҳбарияти Туркия, ба ин кишвар омад.

Ба иттилои Департаменти давлатии ИМА, Тиллерсон "нақши калидӣ доштани Туркияро дар минтақа" тасдиқ кардааст.