Дар натиҷаи як таркиши бузург дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон садҳо нафар осеб диданд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, садои таркиш садҳо километр дур, дар Қибрис шунида шуда, шаҳрдори Бейрут онро ба таркиши ҳастаӣ монанд кард.
Таркиш дар қисмати бандари Бейрут ба амал омадааст. Беморхонаҳои шаҳр "лабрез" аз осебдидаҳо шуда, вазири тандурустии Лубнон Ҳамад Ҳасан гуфт, сухан аз садҳо захмӣ меравад.
Бино ба иттилои расмӣ, даҳҳо одам ҷон бохтаанд. Нахуст дар бораи 25 ва сипас 50 кушта хабар дода шуд. Вале эҳтимоли афзоиши шумори кушташудаҳо вуҷуд дорад.
Ба иттилои хабаргузории Agence France-Presse, сарвазири Лубнон Ҳасан Диоб аллакай 5 августро рӯзи мотами миллӣ эълом кард.
Таркиш дар анбори аслиҳаи мусодирашуда ба амал омадааст. Хабарҳое нашр шуд, ки гӯиё таркиш дар анбори аслиҳаи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон сурат гирифтааст. Вале ин фарзия дертар рад шуд.
Як манбаъ дар хадамоти махсуси Исроил, ки "Ҳизбуллоҳ"-ро террористӣ эълом кардааст, гуфт, ҳеч зарбаеро ба Бейрут анҷом надодаанд. Вазири умури хориҷии Исроил Габӣ Ашкеназӣ низ айни суханҳоро ба телевизиони N12 гуфт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.