Дафтари бахши тоҷикии Радиои Озод барандаи Ҷоизаи Девид Бурки Шӯрои Мудирони Нашароти Амрико гардид.
Салими Аюбзод, мудири бахши тоҷикии "Радиои Озодӣ” дар фейсбук ин комиёбиро ба ҳамкоронаш табрик гуфта, аз хидмати онҳо барои ҳақиқат ва ҷасорати онҳо дар иҷрои вазифаи худ ситоиш намуд.
Ба гуфтаи Салими Аюбзод ҷоизаҳои Бурк соле як маротиба аз тарафи Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико USAGM, ба рӯзноманигорон барои шараф, шуҷоат ва ҳунари касбӣ дода мешавад.
Ин ҷоиза ба номи рӯзноманигори машҳур, бунёдгузор ва нахустин раҳбари Бунгоҳи нашароти байнулмилалии ИМА Дейвид Бурк гузошта шудааст гуфт ӯ.
Радиои Озодӣ дар байни 23 бахши RFE/RL ва ҳамроҳ бо чаҳор тими дигари ҳамаи ниҳодҳои нашароти байнулмилалӣ барои эҳёи стандартҳои баланди журналистӣ, ҳақиқатнигорӣ, ошкоргӯӣ ва тавозун, силсилаи гузоришҳои таҳқиқотӣ, таъсири сухан, густариш ба қаламрави мавзуъҳои наву ҷолиб дар соли 2019 ба ин ҷоиза ноил гашт, мегӯяд, Салими Аюбзод.
Мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ далели аслии ба даст овардани ин ҷоизаро фидокорӣ ва ҷасорати ҳамкоронаш медонад. Ӯ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “ман фикр мекунам, бо он қадар машаққате, ки ҳамкоронам ҳар сатри гузориши ҳақиқатнигоронаи худро ба даст меоранд ва ба диққати садҳо ҳазор нафар мерасонанд, низ фидокорӣ ва ҷасорат мебошад”.
Салим Аюбзода мегӯяд ҳоло бо ҳамкоронаш дар ҳоли машварат аст, ки маблағи ҷоизаро чӣ гуна сарф кунанд.
“Ақидае аз ҳама бештар садо медиҳад, ки дар ягон кори хайр ва накӯ харҷ кунем. Дар гузашта Радиои Озодӣ чунин таҷрибаро дошт. Ин пешниҳод низ ҳаст, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ ба онҳое, ки бароямон кумакҳои зиёд ва некиҳо кардаанд, туҳфаҳои хотииравӣ тақдим намоем”.
Маблағи Ҷоизаи Брук соле қабл 10 ҳазор доллар эълон шуда буд, вале имсол то кунун майян нест, ки он чӣ қадар аст.




Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста