Дар Екатеринбург шаби гузашта марде аз тирезаи бинои истиқоматӣ ба сӯйи раҳгузарон оташ кушод.
Марди тирандоз корманди собиқи пулис будааст. Ӯ ҳангоми амалиёт ба муқобили кормандони Гвардия ва СОБР низ тир кушодааст.
Тибқи иттилоъи як манбаъи интизомӣ, барои боздошти ин нафар норинҷаки сабук истифода шудааст. Дар натиҷаи тирпарронӣ як духтар ва як корманди Гвардия ҷароҳат бардоштаанд.
Хадамоти матбуоти ҳавзаи Урали Гвардияи Миллии Федератсияи Русия ба ТАСС гуфтааст, ки дар натиҷаи ҳамлаи СОБР-и Гвардияи Русия гумонбаршуда дар манзилаш боздошт ва ба намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ супорида шудааст.
Ин бори дуюм аст, ки дар Русия дар як моҳи ахир ҳаводиси тирпавронӣ ба сӯйи шаҳрвандон рух медиҳад. Чанде пештар дар Қазон ҳам ин гуна ҳодиса рух дода буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даргузашти Аслиддин Достиев, рӯзноманигори тоҷик дар синни 64-солагӣ
Омодагӣ ба ваксиназанӣ ё хуруҷи дигарбораи “COVID-19”? Табибон боз хона ба хона мегарданд
“Толибон” гуфтанд баста шудани мактабҳои духтарона ба мушкилоти барномаи таълимӣ рабт дорад
Аз 5 ҳазор то 6,5 ҳазор сомонӣ. Билетҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия боз гарон шуданд
Ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Батуми
Cтафилококки ошпазҳо ба заҳролудшавии 22 нафар дар Исфара боис гардид
Дар Чемпионати CAFA футболбозони тоҷик мунтахаби Қирғизистонро ҳам мағлуб карданд
Оғози парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар Маскав
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз шуд
Сокинони Тоҷикистонро минбаъд аз қатъи интиқоли барқ тибқи нақша огоҳ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста