Нахуствазири Покистон Имрон Хон изҳор доштааст, ки то даме, ки Ашраф Ғанӣ сари мансаби президенти Афғонистон аст, ҳаракати тундгарои “Толибон” (фаъолияташ мамнӯъ дар бисёр кишварҳо) бо ҳукумати ин кишвар ба гуфтушуниди мусолиматомез нахоҳад пардохт.
Раиси ҳукумати Покистон дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters гуфтааст, инро ӯ аз забони худи пешвои толибон шунидааст, иттилоъ медиҳад АИ Фергана.
Имрон Хон иброз доштааст, ки ҳалли вазъи сиёсии Афғонистон дар шароити кунунӣ барояш душвор ба назар мерасад. Дар пасманзари хуруҷи воҳидҳои артиши хориҷӣ Толибон аз моҳи май дар саросари кишвар амалиёти густардаеро оғоз карданд.
"Ман кӯшиш кардам, ки Толибонро бовар кунонам [ба зарурати музокироти сулҳ] ... се ё чор моҳ пеш, вақте роҳбарияти олии ин ҳаракат ба ин ҷо омада буданд", - гуфтааст ӯ зимни мусоҳиба дар хонаи худ дар Исломобод.
"Шарти онҳо ин аст, ки “то даме Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон президент аст, мо (Толибон) бо ҳукумати Афғонистон сӯҳбат нахоҳем кард", - овардааст Имрон Хон гуфтаҳои пешвоёни ҳаракати тундгароро.
Гуфта мешавад, музокироти сулҳ байни Толибон, ки Ашраф Ғанӣ ва ҳукумати ӯро бозичаи даст (лӯхтакҳо)-и ИМА меҳисобанд ва як гурӯҳи музокиракунандагони аз ҷониби Кобул таъиншуда моҳи сентябри соли гузашта дар пойтахти Қатар - Давҳа оғоз шуда, аммо ба пешрафте даст наёфтанд.
Ҳоло намояндагони як қатор кишварҳо, аз ҷумла ИМА дар Давҳа ҳастанд, ки дар ин ҷо аз 10 август машваратҳои серӯза оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар Афғонистон ҷараён доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.