Департаменти давлатии ИМА рӯзи 15 август аз номи зиёда аз 60 давлати ҷаҳон изҳороти муштаракеро нашр намуд, ки дар он бобати ба сокинони Афғонистон ва хориҷиён додани имкон ҷиҳати бехатар тарк кардани қадамрави ин кишвар даъват мешавад.
"Онҳое, ки дар Афғонистон сари қудратанду салоҳият доранд, барои ҳифзи ҷону моликият ва фавран барқарор кардани амният ва тартиботи шаҳрвандӣ масъуланд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар изҳорот зикр мешавад, ки ба афғонҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехоҳанд қаламрави кишварро тарк кунанд, бояд ба ин иҷоза дода шавад ва роҳу фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бояд боз бошанд.
"Афғонистониҳо сазовори зиндагии амн ва шоиста ҳастанд. Мо, ҷомеаи ҷаҳонӣ, омодаем ба онҳо кумак кунем", - омадааст дар изҳорот.
Ба изҳорот кишварҳои зерин имзо гузоштанд: Албания, Австралия, Австрия, Багам, Белгия, Буркина-Фасо, Канада, Чили, Колумбия, Коста-Рика, Кот-д'Ивуар, Хорватия, Чехия, Дания, Ҷумҳурии Доминикан, Салвадор, Эстония, Фиҷи, Финландия, Фаронса, Гурҷистон, Олмон, Гана, Юнон, Гватемала, Гайана, Гаити, Гондурас, Исландия, Ирландия, Италия, Ҷопон, Косово, Латвия, Либерия, Лихтенштейн, Литва, Люксембург, Малта, Ҷазираҳои Маршалл, Мавритания, Черногория, Науру, Нидерланд, Зеландияи Нав, Нигер, Македонияи Шимолӣ, Норвегия, Палау, Панама, Парагвай, Лаҳистон, Португалия, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Кипр, Руминия, Серра-Леоне, Словакия, Словения, Испания, Суринам, Шветсия, Того, Тонга, Уганда, Британияи Кабир, Украина ва Яман.
Ҷангиёни ҳаракати “Толибон” рӯзи 15 август пас аз тасарруфи шаҳри Кобул эълом доштанд, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расид. Акнун “Толибон” тамоми қаламрави кишварро зери назорат доранд. Президети Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба самти номаълум фирор кард. Шоми 15 август ҷангиён кохи президентро тасарруф намуданд. Ҳайатҳои дипломатии аксарияти кишварҳо ба кӯчонидани кормандони худ аз Афғонистн шурӯъ карданд (дипломатҳои рус дар Кобул боқӣ монданд).
“Толибон” тамоми гузаргоҳҳои сарҳадии Афғонистонро назорат мекунанд. Кишварро танҳо тавассути фурудгоҳи байналмилалии Кобул тарк кардан имкон дорад. Дар он ҷо садҳо нафар ҷамъ омадаанд, ки мехоҳанд бо ҳавопаймоҳо аз кишвар берун раванд. Ҳама парвозҳои тиҷоратӣ аз фурудгоҳ боздошта шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста