Ҳаракати “Толибон” аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоии байнулмилалиро дархост кард, хабар медиҳад Reuters.
Ҳукумати Толибон дар Афғонистон барои азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ муроҷиатнома нашр карда, ваъда дод, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкории мукаммал роҳандозӣ мекунад ва изҳор дошт, ки мушкилот дар фурудгоҳи Кобул ҳал шудааст.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ Абдул Қаҳҳор Балхӣ гуфтааст, қатъи парвозҳои байналмилалӣ ба он оварда расонидааст, ки афғонҳо аз ҳаққи сафар барои кору таҳсил маҳрум шудаанд.
"Азбаски мушкилот дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул ҳал карда шуда, фурудгоҳ ба парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ пурра омода аст, Аморати Исломии Афғонистон ба ҳама ширкатҳои ҳавопаймоӣ итминон медиҳад, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи худро таъмин мекунанд", - гуфтааст вай.
Аз замони ба сари қудрат омадани Толибон, аз фурудгоҳ шумораи маҳдуди парвозҳои башардӯстона ва мусофирбарӣ анҷом дода мешуд. Аммо, хизматрасонии тиҷоратӣ ҳанӯз дубора оғоз нашудааст, зеро он дар натиҷаи кӯчбандии бесарусомони даҳҳо ҳазор хориҷиён ва афғонҳо баста шуда буд.
Баъдтар, фурудгоҳ бо кӯмаки гурӯҳҳои техникии Қатар ва Туркия кушода шуд. Дар ҳоли ҳозир баъзе ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла Ширкати ҳавопаймоии байнулмилалии Покистон хидматрасониҳои маҳдуд пешниҳод мекунанд, аммо хабар дода мешавад, ки нархи чиптаҳо аз маъмулӣ чанд маротиба болотар аст.
Қаблан, 7 сентябр ИМА бори аввал пас аз анҷоми амалиёти низомӣ оид ба кӯчонидан чаҳор шаҳрванди амрикоиро аз тариқи роҳи заминӣ аз Афғонистон баровард. Он замон зикр шуда буд, ки фурудгоҳ барои парвозҳои мусофирбарӣ омода аст. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, дар навбати худ, изҳор намуд, ки Толибон инчунин ваъдаи худро тасдиқ намуда, гуфтаанд, ки ба афғонҳо иҷоза медиҳанд, ки бидуни мамониат Афғонистонро тарк кунанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.