Зимни мулоқоти муовини сарвазири ҳукумати ҳаракати “Толибон” Абдул Салом Ҳанафӣ бо намояндаи ташкилоти “Шабакаи рушди Оғо Хон” дар Афғонистон Алӣ Песнанӣ рушди ҳамаҷонибаи Афғонистон баррасӣ шуд. Хабаргузории РИА Новости менависад, дар ин бора намояндаи ҳаракат Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар додааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Песнанӣ доир ба фаъолияти ташкилоти Оғо Хон дар самти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии Афғонистон маълумот дода, зикр кардааст, ки бо мусоидати ташкилот аллакай зиёда аз 140 нигораву ёдгориҳои мероси фарҳангӣ дар кишвар барқарор шудаанд.

Ба гуфтаи Песнанӣ, айни замон бештар ба масъалаи рушди таълимоти занон дар Афғонистон таваҷҷуҳ мебояд зоҳир намуд.

Дар навбати худ, Ҳанафӣ изҳор намудааст, ки ҳукумати Афғонистон ҷиҳати мусоидат ба шабакаи Оғо Хон дар пешбурди фаъолияти он омода аст. Муовини сарвазир зарурати рушди соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро таъкид доштааст. Ба гуфтаи Ҳанафӣ, ҳукумат ҷиҳати фароҳам овардани шароит баҳри ба таҳсил фаро гирифтани духтарон дар Афғонистон чораҷӯӣ мекунад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.