Бар асари тирпарронӣ дар шаҳри Ювалди иёлати амрикоии Техаси ИМА дастикам 16 мактабхони синфҳои ибтидоӣ ва 3 нафар шахси калонсол, аз ҷумла 1 омӯзгор кушта шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории ВВС, ҳамлагар сокини 18-солаи маҳаллӣ Салвадор Ромас буда, тибқи маълумоти пешакӣ аз ҷониби кормандони пулис дар маҳалли ҳодиса кушта шудааст.

Губернатори шаҳри Техас Грег Эбботт гуфтааст, ҳамлагар автомашинаи худро назди мактаб гузошта, ба дохили бино ворид шудааст.

Салвадор Рамос

Ду манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шабакаи телевизионии амрикоии CBS News тасдиқ кардаанд, ки ӯ бо таппонча ва милтиқи AR-15 бо тирдонҳои дорои тири зиёд мусаллаҳ будааст.

1/2

Бино ба маълумоти манбаъҳо дар мақомоти пулис, пеш аз ба мактаб раҳсипор шудан Ромас модаркалони худро парронидааст.

Сабабҳои ба ин амал даст задани ӯ ҳоло маълум нест. Узви сенати Техас Роналд Гутерес изҳор доштааст, ки ҳамлагар милтиқро замони ба синни 18-солагӣ расиданаш харидааст.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар мактабе, ки дар он толибилмони синни аз 7 то 10-сола таҳсил мекунанд, рух додааст.

Қобили зикр аст, ки созмони ғайритиҷоратии Gun Violence Archive    танҳо дар моҳи май 215 ҳолати истифодаи силоҳи оташфишонро дар ИМА ба қайд гирифтааст, аз ҷумла дар 9-тои онҳо зиёда аз 4 нафар кушта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.